Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

30.09.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки ба шаҳри Душанбе баҳри иштирок дар ҳамоиши навбатии худ ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар сӯҳбат масоили ҳамкории мақомоти назорати молиявии кишварҳои Иттиҳод баҳри коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва муборизаи муштарак бо ҷиноятҳои иқтисодӣ баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки ҳамкории ниҳодҳои назорати молиявӣ барои таҳкиму густариши робитаҳои судманд басо муҳим аст.

Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар ҳамоиши мазкур роҳбарони мақомоти назорати молиявӣ аз Федератсияи Русия, Беларус, Украина, Молдова, Озарбойҷон ва Қазоқистону Қирғизистон ташриф овардаанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520