Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Палатаи назорати молиявии Федератсияи Русия Сергей Степашин

30.09.2009 14:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Раиси Палатаи назорати молиявии Федератсияи Русия Сергей Степашинро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби омодагӣ ба сафари давлатии пешомади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия баррасӣ шуд.

Гуфтугӯйи судманд оид ба тафсилоти ҳамкории иқтисодӣ, ҳарбӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ сурат гирифт.

Таваҷҷӯҳи зиёд ба ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, ҷустуҷӯ ва истихроҷи нафту газ ва ба масоили вобаста ба будубоши минбаъдаи пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон зоҳир гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520