Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам Нгуен Суан Фук

06.04.2021 17:57, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам Нгуен Суан Фук барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам табрик ва муборакбодӣ менамоям.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори густаришу таҳкими ҳарчи бештари робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Вйетнам буда, нисбат ба дурнамои онҳо назари бисёр нек дорад.

Умедворам, ки дар давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ бо саъю эҳтимоми муштарак ҳамкориҳои байни давлатҳоямонро ба сатҳи сифатан нав бардошта, мазмуну мундариҷаи онҳоро боз ҳам ғанитар хоҳем гардонид. Дар ин самт мо омодаем, ки тамосҳои анъанавии сатҳи олии байни Тоҷикистон ва Вйетнамро идома дода, тамоми имкониятҳои мавҷударо мавриди истифодаи самарабахш қарор диҳем.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳҳатмандиву комёбӣ ва барои кишвари дӯсти Вйетнам ва мардуми он рифоҳу шукуфоии бештар орзумандам».

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520