Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ дар шаҳри Бӯстон

07.04.2021 09:22, шаҳри Бӯстон
Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ дар шаҳри Бӯстон  07.04.2021

7 апрел дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Бӯстон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи мазкур дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон дар майдони қариб як гектар бо харҷи зиёда аз 3 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Муқаддас Қодирова бунёд ёфта, дар ин ҷо бо васлу насби хатҳои муосири технологӣ асосан истеҳсоли халтаҳои гуногуни полиэтиленӣ ба роҳ монда шудааст ва тибқи баҳогузории озмоишгоҳӣ маҳсулоташ аз лиҳози намуд ва сифат ба стандартҳои замони имрӯз ҷавобгӯ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона бештар аз 15 намуди халтаҳои полиэтилении ҳаҷму андозааш гуногун истеҳсол шуда, дар як моҳ наздики 12 тонна ашёи хом мавриди коркард қарор дода мешавад.

Иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Бӯстон” дар як шабонарӯз ба 175 ҳазор ва дар як моҳ ба 5 миллиону 250 ҳазор дона халтаи полиэтиленӣ баробар аст.

Дар корхонаи мазкур ҳамзамон дар як шабонарӯз 11 ҳазор метри тӯлонӣ пардаи полиэтиленӣ барои маводи хӯрока истеҳсол карда мешавад. Ин намуди маҳсулоти полиэтиленӣ қаблан аз хориҷи мамлакат ворид мегардид.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Бӯстон”, ки дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат ва истиқболи шоиста аз 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст, 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.

Аз руи маълумоти муассиси корхона дар натиҷаи зиёд шудани талаботи бозор ба халтаҳои полиэтиленӣ имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз корхона ва суҳбат бо кормандон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бунёду ба истифода додани чунин корхонаву коргоҳҳо дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот боис гардида, бо ин роҳ метавон оянда иқтидори содиротии мамлакатро ҳам афзоиш бахшид. Талабот ба чунин маҳсулоти хушсифат на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ низ хеле зиёд аст. Бо ин мақсад роҳбарияти корхона тасмим гирифтааст, ки оянда халтаҳои полиэтилениро ба як қатор кишварҳои минтақа содирот намояд.

Таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуда, халтаҳои полиэтиленӣ бо тарҳу намуди хос истеҳсол карда мешаванд, ки асосан дар бозору марказҳои савдо, мағозаҳо ва ошхонаю тарабхонаҳо ба таври васеъ истифода мегарданд.

Дар оянда бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Бӯстон” истеҳсоли плёнка барои истифода дар соҳаи кишоварзӣ, хусусан бунёди гармхонаҳо ба роҳ монда мешавад.

 Дар саҳни ҳавлии корхонаи нав маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстон ба намоиш гузошта шуд.

Аснои шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар раванди татбиқи ҳадафи чорум - саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ бештар буда, ин тадбир ҳам дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ҳам дар таъмини сокинон бо ҷойи кору маоши хуб заминаи воқеӣ мегузорад.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар шаҳри Бӯстон зиёда аз 30 корхонаи саноатӣ ба истеҳсоли орд, равғани растанӣ, оби маъданӣ, консерваҳо, рехтаи пулодӣ, шифер, қубурҳои асбестӣ, пластикӣ, арматура, халтаҳои полипропиленӣ, полиэтилению коғазӣ, мех, сангҳои ороишӣ, тахтасангҳои мармарӣ, ранги сохтмон, маснуоти заргарӣ ва дигар намуди молу маҳсулот машғул мебошанд.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар соли 2020 ба ҳисоби 517 миллион сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол намудаанд. 

Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар асоси ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар ҳудуди шаҳри Бӯстон бунёди корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ пешбинӣ гардидааст. Дар заминаи ин ҳамкорӣ аллакай 5 адад нақлиёти махсус барои интиқоли партовҳои сахти маишӣ харидорӣ карда шудааст. Дар намоишгоҳ иқтидор ва имконияти онро муаррифӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520