Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбарону сокинони шаҳри Исфара

09.04.2021 15:20, шаҳри Исфара
Мулоқот бо роҳбарону сокинони шаҳри Исфара   09.04.2021

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони шаҳри Исфараи вилояти Суғд мулоқоти самимию созанда баргузор карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи байналмиллалӣ табрику таҳният гуфта, ба сокинони шаҳр дар роҳи рушду пешрафти кишвар, татбиқи сиёсати бунёдкорона ва амалисозии нақшаҳои созанда ба ифтихори ҷашни бузурги - 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ барору комёбиҳои беназир орзу карданд.

Президенти мамлакат тараққиёти бомароми шаҳри Исфара ва ноил гардидан ба дастоварду пешравиҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиётро аз ҳисси баланди миллӣ ва рӯҳияи ватандории мардуми сарбаланди шаҳр маънидод намуданд.

Исфара бо имкониятҳои бузурги истеҳсолии худ дар самти саноати коркард, аз ҷумла, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, маъдан, нафту газ, истихроҷи ангишт, металлургия, электротехника ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, яке аз шаҳрҳои асосии саноатии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар таъмини рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас дорад. Дар гузаштаи начандон дур маҳсулоти баъзе корхонаҳои саноатии Исфара ба даҳҳо кишвари минтақа ва ҷаҳон содирот мешуд. Аз ин лиҳоз, роҳбарони вазорату идораҳои марбута, вилоят ва шаҳри Исфара вазифадор шуданд, ки барои барқарор кардани иқтидорҳои содиротии шаҳр ҳамаи имконияту захираҳоро сафарбар намоянд.

Таъкид гардид, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар шаҳри Исфара мунтазам афзуда, соли 2020-ум қариб ба 18000 расидааст, ки нисбат ба соли 2013 чоруним баробар зиёд мебошад.

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони шаҳру деҳоти Исфара ва пешрафту ободии он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар давраи соҳибистиқлолӣ барои таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он аз ҳисоби буҷети давлат як миллиарду 137 миллион сомонӣ равона кардааст. Дар баробари ин, дар ин давра дар шаҳри Исфара 24 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногун татбиқ гардида, дар доираи онҳо то имрӯз 330 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида то ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳр бунёди 457 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла 9 корхонаву коргоҳи саноатӣ, 12 иншооти соҳаи тандурустӣ, 47 иншооти соҳаи маориф, 17 иншооти варзиш, 12 муассисаи истироҳатӣ ва фарҳангӣ, сохтмони роҳу пулҳо, биноҳои истиқомативу маъмурӣ ва иншооти дигар пешбинӣ шудааст, ки боиси боз ҳам ободу зебо шудани шаҳру деҳот ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум хоҳад гардид. То 1 - уми марти соли ҷорӣ дар шаҳр аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 411 иншооти дорои аҳаммияти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҷиҳати рушди соҳа, махсусан, муаррифии имкониятҳои шаҳри Исфара, ки яке аз гӯшаҳои ҷолиби сайёҳии кишвар ба шумор меравад, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр барои андешидани чораҳои муассир вазифадор шуданд.

Шаҳри Исфара, ки бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз мебошад, дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва равобити неки ҳамҷаворӣ байни ду миллат нақши муҳим дорад.

Таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо дарназардошти эҳтироми комили якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад, таъкид намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи тарбияи кадрҳо барои соҳаҳои гуногун аз байни ҷавонони минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла Воруху Чоркӯҳ эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Аз соли 1997 сар карда, то соли хониши 2020 – 2021–ум 350 нафар хатмкардагони мактабҳои шаҳри Исфара бо квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар қабул карда шудаанд, ки 220 нафари онҳо духтарон мебошанд. Аз шумораи умумии зикршуда 80 нафарро ҷавонони деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ ташкил медиҳанд.

Баъди таҳлили вазъи иҷтимоии шаҳр вобаста ба рушди бахшҳои иқтисодиёт Президенти мамлакат супориш доданд, ки дар соҳаи кишоварзии шаҳр имкониятҳо ба пуррагӣ истифода гардида, дар оянда барои рушди соҳаҳои боғпарварӣ, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ, моҳипарварӣ махсусан, гулмоҳӣ, рушди саноати хӯрокворӣ ва истеҳсолоти саноатӣ, аз ҷумла коркарди маъдан тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шавад.

Вобаста ба тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он - хушксолӣ, камобӣ, пайомадҳои манфии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус, инчунин, авҷ гирифтани бекорӣ  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулоти ниёзи аввал, дар ҳар як оила таъмин намудани захираи озуқаворӣ, ҳидоят карданд.

Инчунин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба риояи қатъии талаботи Қонуни миллӣ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, роҳ надодан ба зоҳирпарастиву зиёдаравӣ ва исрофкорӣ, тарбияи фарзандон дар роҳи ватандӯстӣ, раҳнамун сохтанд.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ҳар як сокини шаҳр ва деҳоти Исфара, ҷашни бузурги 30 - солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро, бо заҳмати созанда ва дастовардҳои назаррас, самимона истиқбол мегиранд ва шаҳри Исфара ва деҳоти онро ба яке аз гӯшаҳои пешрафтаи кишвар ва макони зебои сайру саёҳат табдил медиҳанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520