Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода супоридани маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар шаҳри Хуҷанд

10.04.2021 11:47, шаҳри Хуҷанд
Ба истифода супоридани маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар шаҳри Хуҷанд  10.04.2021

10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд маркази савдо ва хизматрасонии “Амид”-ро ба истифода супориданд.

Иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саидамон Исомаддинов бунёд карда шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи июни соли 2020 оғоз гардида, ҳангоми бунёди он 60 нафар матахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуда буданд.

Иншооти дуошёна аз маркази савдо ва хизматрасонӣ иборат мебошад.

Дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таъсису ба истифодадиҳии иншооти нави маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар шаҳри Хуҷанд дар баробари дастрасӣ ба маҳсулоти босифат, ҳамзамон барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, хусусан ба шуғли доимӣ фаро гирифтани 50 сокини маҳаллӣ низ имконият фароҳам овард.

Ба хотири ҳарчи бештар таъмин намудани занону духтарон бо ҷойи кор масъулин иқдом гирифтанд, ки нақшаҳои мушаххасро амалӣ созанд. Ҳамин тавр аз шумораи умумии кормандон 40 нафарашро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Зимни ба истифода супоридани иншоот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар маркази савдо аслан маҳсулоти истеҳсоли коргоҳу корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ, қаннодӣ, кишоварзӣ ва нонӣ, ки дорои сифати баланду аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад, ба фурӯш бароварда мешавад.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки дар оянда бо роҳи васеъ намудани самти фаъолият шумораи кормандон, ба хусус занону духтарон зиёд карда мешавад.

Маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” бо тарҳи муосир ва шаклу услуби хоси меъморӣ бунёд гардида, дар назди иншоот таваққуфгоҳи нақлиёт бо 90 ҷой таъсис ва атрофи бино ободу зебо карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва иқдоми созандаи соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз имкониятҳои ҷойдошта тадбирҳои ободонию созандагиро вусъат диҳанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520