Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳо - иштирокчиёни ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СААД

29.04.2021 11:21, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳо - иштирокчиёни ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СААД  29.04.2021

29 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳо - иштирокчиёни ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид доштанд, ки мо ба ҳамкории байни кишварҳоямон дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем ва пайванди муҳими талошҳои муштараки мо барои расидан ба ҳадафҳо фаъолияти пурсамари котибони Шӯроҳои Амният мебошад.

Дар робита ба вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир ва таъсири онҳо ба амнияти давлатҳои аъзои СААД, афзоиши ташаннуҷи байналмилалӣ вобаста ба рақобати геополитикӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи амну суботи кишварҳо, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳоро дар доираи Созмон, ки ҷониби Тоҷикистон соли равон раёсати онро ба ӯҳда дорад, ишора карданд. Дар ин зимн, ҳамчунин, вазъияти имрӯзаи кишвари ба мо ҳамсояи Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дошт.

Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба мубориза бар зидди дигар хатарҳо, аз ҷумла хавфҳои марбут ба пандемияи COVID-19, бӯҳрони шадиди ҷаҳонии иҷтимоию иқтисодӣ ва молиявӣ, таъсири онҳо ба амният ва иқтисодиёти кишварҳо, бехатарии биологӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баррасӣ гардид.

Дар ин зимн, фаъолияти муштараки давлатҳои аъзои СААД, ҳамоҳангсозии амалҳои хадамоти махсус, аз ҷумла дар соҳаи мубориза бо киберҷиноятҳо зарур шумурда шуд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СААД комёбӣ орзу карда, изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои ин ҳамоиш барои расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошта, пурсамар хоҳад буд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520