Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров

01.05.2021 13:12, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат сарони давлатҳо ҷараёни амалӣ гардонидани мувофиқаҳои байни ҷонибҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон бадастомадаро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн ба масъалаҳои риояи оташбаси комил ва баргардонидани нерӯҳои низомӣ ба маконҳои домии онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.  

Президентҳо, ҳамчунин атрофи фаъолияти муштараки гурӯҳҳои кории ҷонибҳо дар ин ҷода ва оғози ҷаласаи Комиссияҳои байниҳукуматии ҷонибҳо оид ба  делимитатсия ва демаркатсия ибрози андеша намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520