Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат

19.03.2011 18:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини мўҳтарам!
Имсол мо ҷашни бузурги миллиамон - Наврўзро баробар бо бистумин баҳори истиқлолияти давлатии Ватани азизу маҳбубамон - Тоҷикистон таҷлил менамоем.

Ба шарофати истиқлолият мо имконияти воқеӣ пайдо намудем, ки ин ҷашни бостонӣ - Соли нави аҷдодиамонро эҳё намуда, бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил намоем.

Ин ду ҷашн барои мардуми шарафманди кишварамон бисёр азизу муқаддасанд, зеро Наврўз аз қадимулайём яке аз василаҳои асосии бақову ҳастии миллат ва истиқлолият, рамзи ватандориву ватанпарастии ҳар як фарди огоҳ ва бонангу номуси халқамон мебошад.

Имрўз, ки мо дар арафаи ин ҷашни бузурги байналмилалӣ қарор дорем, ҳамаи шумо-ҳамватанони азиз, тамоми ҳамватанони бурунмарзӣ ва форсизабонони олам, инчунин кулли эътиқодмандони анъанаи безаволи наврўзпарастиро дар саросари дунё ба муносибати оғози баҳори нав ва Наврўзи хуҷастапай самимона табрик менамоям.

Таърих гувоҳ аст, ки Наврўз ҷавҳари фарҳанги мардуми ориёиро ташкил карда, гузаштагонамон онро ҳамчун нахустин рўзи моҳи фарвардин ва оғози соли нав, ҷашни баҳор, бедории табиат, баробар шудани рўзу шаб ва ҷашни аҳди пешдодӣ таъбир кардаанд.

Наврўз тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо рамзи пирўзии нур бар зулмат, адолат бар ҷаҳолат, зебоӣ бар зиштӣ, гармӣ бар сардӣ ва ғалабаи инсони бунёдкору офаранда бар нерўҳои бадхоҳи аҳриманӣ буда, маҳз бо чунин сифату фазилатҳои олии худ то имрўз дар байни мардуми мо маҳбубият дорад.

Тибқи урфи гузаштагонамон дар рўзҳои ҷашни Наврўз маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, ки баёнгари эътиқоду ихлоси мардум ба зинда шудани табиат ва рўзу рўзгори нав мебошад. Аз ҷумла, сурудҳои ҷовидонии нахусткитоби башарият «Авесто», ки ёдгори бегазанди тамаддуни ориёист, гувоҳи равшани тантанаи баҳору Наврўз, саховати замин, оғози киштукор, ҳосили фаровон, хурўши дарёҳо, навои чашмасорон, обҳои фаровону софу зулол ва шукўҳи марғзорони сабзу хуррам мебошанд.

Ин сифатҳои нек ва хусусиятҳои писандидаи Наврўз дар ашъору осори бузургтарин шоирону олимони адабиёти оламшумули мо дарҷ ёфта, барои пойдорӣ ва аз насл ба насл гузаштани ин ҷашни муборак замина гузоштаанд. Мо низ баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ волотарин суннатҳо ва шукўҳмандтарин тантанаҳои наврўзиро, ки дар аҳди Курушу Доро, Хусрави Парвезу Исмоили Сомонӣ ва Борбаду Рўдакӣ роиҷ буданд, идома дода, дар навбати худ ба онҳо мазмуну мўҳтавои тоза бахшидем ва Наврўзро дубора эҳё намудем.

Зеро Наврўз аз замони пайдоиши худ то имрўз дар ҳаёти маънавии мардуми мо нақши бузург бозида, дар тамоми таърихи мавҷудияти худ рамзи худшиносиву худогоҳӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии халқҳо будааст.

Бори дигар бо қаноатмандӣ хотирнишон менамоям, ки 23-юми феврали соли гузашта бо ташаббуси якҷояи Тоҷикистон ва якчанд кишварҳои дигари ҷаҳон иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба ин ҷашни оламафрўз қатънома оид ба «Рўзи байналмилалии Наврўз»-ро қабул намуд.

Дар ин қатънома вобаста ба таҷлили ҷашни Наврўз омадааст: «Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 21–уми мартро ҳамчун Рўзи байналмилалии Наврўз эътироф мекунад ва дар бобати ҳифз ва рушди минбаъдаи он дар ҳудуди давлатҳое, ки Наврўз ҷашн гирифта мешавад, саъю талош варзида, давлатҳои аъзои созмонро даъват менамояд, ки доир ба ҷашни Наврўз маълумоти бештар пахш карда, барои таҷлили иди Наврўз тадбирҳои зарурӣ андешанд».

Созмони Милали Муттаҳид ба давлатҳои аъзо ва муассисаҳои дахлдори худ, аз ҷумла ташкилот оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод кардааст, ки дар чорабиниҳои вобаста ба иди Наврўз дар давлатҳои аъзои созмон ширкат намоянд.

Ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврўз барои ривоҷи табодули фарҳангҳо, густариши ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу суботи халқҳо нақши муассир мегузорад ва барои муаррифии боз ҳам бештари фарҳангу тамаддуни мардуми ориёитабор мусоидат менамояд.

Баргузории Наврўз дар сатҳи ҷаҳонӣ моро вазифадор менамояд, ки расму ойинҳои неки наврўзии замонҳои куҳанро аз нав эҳё намуда, ба онҳо шукўҳу шаҳомати тоза бахшем.

Бояд гуфт, ки яке аз сифатҳои Наврўз аз нав зинда шудани табиат мебошад ва оғози Наврўз – оғози сол аст. Яъне Наврўз Соли нави аҷдодии мо ба шумор меравад. Аз ин рў, мо бояд барои боз ҳам зебову шукуфон шудани табиати Ватани азизамон-Тоҷикистон саъю талош карда, сарватҳои табиӣ ва муҳити зисти онро ҳифз намоем.

Дўстони арҷманд!
Бист сол муқаддам миллати тоҷик ба дастоварди бузурги таърихӣ ноил гашта, тақдири халқу Ватанро ба ихтиёри худ гирифт. ҳоло мардуми кишварамон дар остонаи таҷлили 20 - солагии истиқлолияти давлатӣ қарор дорад. Ин ҷашни муборак имсол нуфуз ва шукўҳу шаҳомати хоса пайдо карда, дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакатамон нақши бузург хоҳад гузошт.

Бешубҳа, истиқлолияти Ватан мояи ифтихору саодати мо буда, сароғози эҳёи тозаи кишвар аст ва дар замири ҳар фард эҳтиром ба фарҳанг ва хоки поки аҷдодиро, ки амонат дар дасти мо ворисон аст, зиёд намуд. Он ҳамчун рукни бунёдии озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замон ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳувияти миллии мо боқӣ хоҳад монд. Орзуи истиқлол фарзандони муборизу ватандўст, махсусан зиёиёнро ҳамвора ба ҳифзи ҳувияти миллӣ, таъмини пайванди ногусастании наслҳо ва ниҳоят барои ҳифзи истиқлолияти Ватани азиз раҳнамоӣ кардааст.
Истиқлолият боиси эҳёи муҷаддади фарҳанги миллӣ гашта, моҳият ва қудрати фарҳангсозии ин миллати бостониро муаррифӣ менамояд. Имрўз инсоният аз фарҳанги ғаниву қадимаи тоҷикон бештар баҳравар мешавад ва бо мурури замон он ба такмили афкору андешаи солиму арзишҳои волои умумиинсонӣ мусоидат менамояд. Дар тўли 20 соли истиқлолият бунёдгарони давлати ҷавони демократӣ ва ҳуқуқбунёди тоҷик дар доираи фарҳанги ниёгони худ маҳдуд нашуда, кўшишҳои ба ҳам муқобил гузоштани фарҳангҳоро маҳкум сохтанд ва муколамаи судманди тамаддунҳоро ҷонибдорӣ намуданд.

Огоҳӣ аз таъриху фарҳанги хеш натанҳо ифтихори миллиро ба замона созгор месозад, балки ба таҳкими робитаи тамаддунҳо ва халқҳои гуногун, густариши таҳаммулпазирию ҳамдигарфаҳмӣ заминаи воқеӣ мегузорад.

Раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа тақозои замон буда, барои пурратар истифода шудани имкониятҳои инсонпарваронаи ҳар фарҳанг ва ҳар як фард мусоидат мекунад. Аз ин рў, дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон, ки ҷавҳари онро ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ ташкил медиҳанд, мушаххасоти давлати миллӣ низ ба назар гирифта шуданд.

Мусаллам аст, ки озодии инсон дар сурате таъмин мешавад, ки дар мамлакат қонунҳои қабулшуда эътибори амалӣ пайдо намоянд. Аз ин лиҳоз, маҳз давлати ҳуқуқбунёд зербинои мавҷудияти ҳама гуна озодӣ мебошад.

Таҳқиқоти созмонҳои байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон муҳити мусоиди гуногунандешӣ, табъу нашри воситаҳои ахбори умуми аз нигоҳи диду андешаи сиёсӣ ва ҷаҳонбинӣ мухталиф, фазои ҳуқуқии мавҷудияти аҳзоби сиёсӣ ва дигар падидаҳои волои демократӣ ба вуҷуд омадааст.

Дар айни замон, марҳалаи гузариш аз як сохт ба сохти дигар мушкилоту норасоиҳои зиёдеро ба бор овард. Роҳбарияти сиёсии давлат ба хубӣ дарк кард, ки Тоҷикистон дар ибтидои роҳи демократӣ қарор дорад ва ба таври сунъӣ тезонидани ин раванд ба салоҳи кор нест. ҷомеа бояд имкониятҳои худро воқеъбинона арзёбӣ намуда, дар заминаи ризоияту ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш ва таъмини амният пеш равад.

Соҳиби давлати миллӣ гаштани мо ва таваҷҷўҳи хоса доштан ба низоми давлати миллӣ ҳаргиз маънои маҳдуд кардани ҳуқуқи дигар миллатҳоро надорад. Зеро давлати миллӣ барои мо воситаи ҳифзи фарҳангу забони миллӣ, ваҳдату якпорчагии кишвар, иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ буда, ба он эҳтиром гузоштан вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Таҷрибаи дигар давлатҳо нишон медиҳад, ки дар асл ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд маҳз ба шаҳрвандоне такя мекунад, ки аз ҷиҳати сиёсиву ҳуқуқӣ бомаърифат, ба ҳифзи адолат қодир ва ба риояи волоияти қонун ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ омода бошанд.

Ҳамин аст, ки давлати мустақили миллии тоҷикон меъёрҳои асили демократияро ҳамчун омили пешрафти ҷомеа ба кор гирифта, маҳз барои инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам овард ва дар ин роҳ аз рўзҳои аввали таъсиси худ қадамҳои устувор гузошт. Яке аз ҳадафҳои ҳукумати Тоҷикистон аз он иборат аст, ки ваҳдати воқеии миллиро ҳамчун ҷавҳар ва пойдевори устувори давлати миллӣ таъмин созад.
Шукр, ки мо имрўз соҳибватан ҳастем, давлати навро асос гузоштем ва масъулияти давлатдориро ба дасти худ гирифтем.

Имрўз миллати тоҷик тақдири ояндаи худро бо иродаи сиёсии худ муайян менамояд. ҳамин раванд аз ҳукумат тақозо намуд, ки ба хотири ризоият, оромии ҷомеа, суботи сиёсӣ ва рушди устувори иқтисодиёт мардумро бо ҳам муттаҳид намуда, аз тариқи низоми давлатдории миллӣ ба эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ оғоз намояд.

Сулҳу суботе, ки бо мушкилоти зиёд ва гузаштҳои ду ҷониб ба вуҷуд омад, на нишони заифӣ, балки дар асоси фалсафаи сулҳофарии тоҷикон ба даст овардани суботу оромӣ, яъне модели нави ҳалли низоъҳо-модели сулҳофарии тоҷикон тавлид гардид, ки дар он нақши зиёиёни тоҷик калон аст.
Раванди бунёди давлати миллӣ ва эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои мо маънии тозаро касб намуд.

Инчунин ҳизбҳо ва созмонҳои мухталифи сиёсӣ, ходимони давлативу ҷамъиятӣ ва кулли шаҳрвандон дарк намуданд, ки ба хотири сулҳу субот ва ҳифзи тамомияти арзии мамлакат, эътирофи волоияти манфиатҳои умумимиллӣ нисбат ба манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гурўҳӣ ва шахсӣ ягона роҳи пешрафт аст.

Дар робита ба ин, мо ба осори бузургони фарҳанг ва илму адаби миллат ба хотири тавсеаи худшиносӣ ва ташаккули ифтихори миллию ватандорӣ рў овардем.

Мо имрўз дар марҳалаи такомули давлати миллии худ қарор дорем. Дар ин давраи тақдирсоз осори гузаштагони маъруфи халқи тоҷик ва тамаддуни оламшумули он дар тақвияти раванди ташаккули андеша ва худогоҳиву худшиносии миллӣ, таҳкими асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва заминаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон нерўи бузург ва созанда мебошанд.

Андешаҳои бузургони миллат дар ҳар давру замон, бахусус дар даврони ташаккули рўҳи озодиву истиқлолхоҳӣ доираҳои васеи мардумро фаро гирифта, ҷавҳари худшиносӣ ва худогоҳиро дар худ таҷассум намудаанд.

Муҳимтарин ҳадафи онҳо эҳёи асолати таърихиву фарҳангӣ, шукўҳу азамати давлатдории аҷдодӣ ва бунёди низоми адолатпеша буда, ин афкору ғояҳо тадриҷан ба нерўи бонуфузи ғоявӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ табдил ёфтаанд.

Дар ҷаҳон миллати моро ҳамчун мардуми китобдору китобдўст, фарҳангпарвару фарҳангсолор ва соҳибмаърифату мутамаддин эътироф кардаанд.
Ва рисолати таърихии равшанфикрони мо дар гузашта, имрўз ва оянда низ бо таълифу таснифи осори илмиву адабӣ, тарғиби ахлоқи ҳамида, ба роҳи рост раҳнамоӣ кардани ҷомеа ва эҳтироми фарҳангу ойини халқу миллатҳои дигари ҷаҳон марбут мебошад.

Зеро илму фарҳанг ва маърифат дар баробари ин, ки баёнгари рўҳи миллӣ, расму оин, анъана, хотираи таърихӣ ва дар маҷмўъ таҷассумгари ҳастии ҳар халқу миллат мебошад, ҳамчунин василаи ба ҳам наздик кардани инсонҳо, пайванди риштаҳои дўстиву ҳамкорӣ ва ваҳдати умум эътироф шудааст.

Аз ин рў, яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати фарҳангии мо ба омўзиш ва эҳтиром гузоштан ба мероси илмиву адабии фарзандони барўманди халқи тоҷик, эҳё ва истифодаи арзишҳои умумибашарӣ ба манфиати ҷомеа нигаронида шудааст.

Таҷрибаи бистсолаи истиқлолияти давлатӣ ва давлатсозии миллӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ба даст овардани истиқлолият барои ?ар як халқу кишвар кори ба?оят мушкил аст, вале ҳифзи он низ кори осон ва амали содда нест.

Ро?и расидан ба истиқлолият ва ва?дати миллӣ шояд дар тасаввур осон намояд, вале ҳаёт нишон медиҳад, ки ҳифзи истиқлол ва ваҳдати миллӣ аз сокинони кишвар, бахусус зиёиён мубориза, ҷаҳду талошҳои зиёд, маърифати баланд ва фарҳанги сиёсии мукаммалро талаб менамояд.

Зарурати таърихии инкишофи ояндаи ҷомеаи тоҷик тақозо менамояд, ки фаъолияти аҳли зиё ба мақсади рушду тараққиёти давлат, соҳибмаърифат намудани шаҳрвандон ва баланд сохтани сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа равона гардад.

Воқеъияти зиндагӣ ва ҳаёти имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки агар шаҳрвандон маърифати зарурӣ, сатҳи баланди худшиносӣ надошта бошанд, дар байни онҳо ваҳдату якдилӣ таъмин намегардад.

Аз ин рў, зиёиёни кишварро зарур аст, ки тамоми нерўву имкониятҳоро барои баланд бардоштани маърифатнокӣ, шуурнокии мардум, тақвияти сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа, ваҳдату якдилии халқи сарзамин, беҳ намудани сатҳи зиндагии ҷомеа ва рушду тараққиёти Тоҷикистони азиз истифода намоянд.

Маҳз дар партави ваҳдати шикастнопазир халқи мо метавонад ба эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дастёб гашта, дар пешрафти фарҳанги умумибашарӣ саҳмгузор бошад.

Имрўз дар даврони истиқлолияти сиёсии кишвар миллати куҳанбунёдамон ба ин падидаи муҳими фарҳангиву иҷтимоӣ, яъне ваҳдати миллӣ арҷу эҳтироми беандоза гузошта, дар таҳкими он саҳми бузург мегузорад.

Агар аз ин дидгоҳ ба ҳадафу мўҳтавои сиёсати пешгирифтаи иҷтимоиву иқтисодии кишварамон назар андозем, мебинем, ки онҳо усулан ба таъмини устувории ваҳдати миллӣ нигаронида шудаанд.

Мисоли равшани ин амалӣ гардонидани барномаи тавассути сохтмони шоҳроҳҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон мебошад.
Роҳҳои навбунёд тамоми гўшаҳои Тоҷикистонро ба ҳам мепайванданд, рафту омад зиёд мегардад ва бо ҳамин васила таҳкиму тақвияти унсурҳои ҳаётии ваҳдати миллӣ таъмин мегардад.

Амалишавии ин барнома аз лиҳози сиёсӣ имконият медиҳад, ки яке аз ҷузъҳои муҳими ҳастии миллат, яъне таъмини умумияти ҳаёти иқтисодӣ ва маънавии он бомуваффақият ҷомаи амал пўшад. Ин дар навбати худ ҳисси худшиносӣ ва ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бароварда, ваҳдати кулли сокинони Тоҷикистонро ҳамчун омили рушди устувори кишвар таъмин менамояд.

Ваҳдати миллӣ ё ягонагии миллӣ ин худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк кардан, ҳифзи онро вазифаи шахсии худ ва тамоми ҷомеа донистан, дар роҳи татбиқи марому мақсадҳои миллат саъй кардан аст.

Мусаллам аст, ки чунин эҳсос бояд дар замири ҳар як сокини мамлакатамон, сарфи назар аз мансубияти милливу мазҳабӣ ҷой дошта бошад ва барои ташаккули ифтихори ватандории онҳо мусоидат намояд. Мо ба ин итминони комил дорем.

Намунаи барҷастаи ташаккулёбии чунин эҳсосу ҳувияти барҷастаи ватанпарастии мардуми ин сарзамин дар ҷараёни дастгирии онҳо аз иқдоми ҳукумат дар мавриди ҳалли таъмини истиқлолияти энергетикии кишвари азизамон зоҳир гашт.

Дар ин ҷараён ҳамагон шоҳиди он гаштем, ки тамоми мардум аз ин иқдоми созанда якдилона ва бо самимияти баланди ватанпарастона пуштибонӣ намуданд.

Дар давраи кунунии инкишофи ҷомеа барои мустаҳкам намудани асосҳои ваҳдати миллӣ дар назди ҷомеа вазифаҳои нави пурмасъулияту муҳимтар қарор доранд.

Агар дар солҳои 90-ум зарурати таъмини амнияти иҷтимоӣ асоси талаботи мардумро ташкил медод ва ҳамагон ба хотири он аз дигар талабот сарфи назар мекарданд, имрўз шаҳрвандон умедвори қонеъ гардонидани талаботи бештари иҷтимоиву иқтисодияшон мебошанд.

Бинобар ин, ҷомеа барои устувории ғояи ваҳдати миллӣ имрўз ба мусоидату таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ниёзи бештар дорад ва шумо аҳли зиё бояд дар ин кор дастгиру мададгори давлат бошед.

Зеро бе ваҳдати устувору саросарӣ ягон давлат ба рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодӣ муваффақ намегардад.

Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки адабиёти бузургу пурғановати тоҷик барои халқи мо асрҳо боз рисолати тавонои иҷтимоӣ, маърифатӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ дошт ва ин рисолатро дар оянда низ бояд идома бахшад.

Чунки адабиёт дар зеҳну тафаккури афроди ҷомеа беҳтарин арзишҳои инсониро парвариш медиҳад ва дар саҳифаҳои заррини адабиёти классикии тоҷик, ки таърихи чандинҳазорсола дорад, ғояҳои олии башарият тарғибу ташвиқ гардидаанд.

Бо дарназардошти ин нукта мо ба мероси хаттӣ ва осори гузаштаи халқамон аҳамияти ҷиддӣ медиҳем ва барои дастраси хонандагон гардидани он пайваста кўшиш меварзем.

Мисоли равшани ин тазкираи панҷоҳҷилдаи адабиёти гузашта ва имрўзаи тоҷик мебошад, ки нашри он ҳоло бомуваффақият идома дорад.
Адабиёт дар ҳақиқат оинаи зиндагӣ аст ва шоирону нависандагони кишвар бояд ба муҳимтарин воқеаҳо ва рўйдодҳои тақдирсози ҳаёти кишвар, бунёдкориву сохтмонҳои азими аср ва таҳаввулоту дигаргуниҳои зиндагии ҷомеаи мо ҳамовоз гашта, онҳоро дар асарҳои худ ҳақиқатнигорона тасвир намоянд.

ҳар як кишвари олам ҳамеша дар талоши он аст, ки бо қадамҳои устувор пеш равад ва рушд намояд.

Имрўз ҳаёт нишон медиҳад, ки иҷрои ин мақсади наҷиб аз бисёр ҷиҳат ба рушди илм, мактабу маориф ва технологияи муосир вобаста аст.
Зеро рушди илм ва мактабу маориф воситаи муҳимтарин ва тавонои болоравии тафаккур, донишу маърифат, ҷаҳонбинӣ ва баҳра гирифтан аз ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ ва илми замонавӣ мебошад.

Ҳанўз устод Садриддин Айнӣ бо дарки амиқи ин масъала мардумро ба савод ва дониш андўхтан даъват мекард ва худ дар сафи аввали маорифпарварони замонаш қарор дошт.

Устод бо рағбати зиёд китобҳои дарсӣ менавишт ва солҳои 1919-1920 дар саҳифаҳои матбуот як силсила мақолаҳо мунташир намуда, таваҷҷўҳи мардумро ҳарчи бештар ба мактабу маориф ҷалб месохт.

Ў мактаб ва маорифро ҳаёту мамоти халқи тоҷик медонист ва бо далелҳо собит менамуд, ки «қавми беилм имрўз ё фардо маҳкуми завол» мебошад.
Устод Айнӣ ҳанўз соли 1920, яъне 90 сол пеш ба хотири пешрафти мардум, бедории тафаккури ҷомеа ва худшиносиву худогоҳии наслҳо навишта буд: «Агар мо шараф хоҳем, агар мо номус хоҳем, агар мо иззату обрўй хоҳем, агар мо ҳуқуқ хоҳем, ба ибораи кўтоҳ – агар мо ҳаёт хоҳем, моро лозим аст, ки ҳарчи пештар ва бештар ба шоҳроҳи маориф қадам гузорем».

Мо аҳамияти илму фарҳанг ва мактабу маорифро аз рўзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ амиқан дарк кардем ва онро ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор додем.

Бо дарназардошти нақши тақдирсози маориф мо соли 2010-умро «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон намудем. Мақсади асосӣ аз чунин иқдом ҷалби таваҷҷўҳи ҷомеа ба ин масъалаи ниҳоят муҳим мебошад.

Зеро дар кишвари мо заминаи мусоиди ташаккули фарҳанги илмию техникии ҷомеа, татбиқи технологияҳои нав мавҷуд аст, ки метавонад дар маҷмўъ ба таҳкими иқтисоди миллии кишвар такони ҷиддӣ бахшад.

Дар баробари инкишофи илмҳои дақиқ ва фарҳанги техникӣ ба арзишу аҳамияти илмҳои ҷомеашиносӣ низ бояд эътибори зарурӣ дода шавад, зеро ин илмҳо нерўи мафкурасоз буда, ба тарбияву парвариши ахлоқ ва маънавиёти инсон ва ҷомеа мусоидат менамоянд.

Мо хуб медонем, ки роҳи кайҳоннавард ба коиноти беинтиҳо, роҳи олим ба қуллаҳои дониш, роҳи кўҳнавард бар фарози сар багардункашидаи кўҳҳо ва роҳи суханвар ба майдони адабиёт аз остонаи мактаб оғоз мешавад.

Имрўз ҷомеаи мо ба шумо, зиёиёни мўҳтарам, ки нерўи ақлонии кишвари азизамон ва ҳомии забон, таърих ва адабу фарҳанги мо мебошед, аз ҳарвақта бештар ниёз дорад.

Шумо метавонед бо осори илмиву адабӣ ва офаридаҳои фарҳангии худ, пеш аз ҳама, дар талқини моҳият ва аҳамияти истиқлоли давлатӣ, соҳибихтиёриву озодӣ дар зеҳну шуури мардум, аз ҷумла ҷавонон, инчунин ба ҷо овардани шукронаи ин неъмати худодод, ҳифзи дастовардҳои он ва таҳкиму тақвияти минбаъдаи ваҳдати миллӣ нақши бузургеро адо намоед.

Бовар дорам, ки тафаккури илмӣ ва фарҳангии шумо ҷомеаро ҳарчи бештар ба сўи созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳидоят менамояд ва шумо манфиатҳои миллат ва давлати соҳибистиқлоли худро аз ҳама манфиатҳои дигар ҳамеша волотар медонед.

Халқу Ватан кору фаъолияти шабонарўзии шуморо ба хотири рушди ҷомеа, пешрафти фарҳанг, илму техника ва ободиву сарсабзии Тоҷикистони азизамон ҳамеша қадрдонӣ хоҳанд кард.

Дўстони азиз!
Имрўзҳо аз саросари Тоҷикистон, аз оғўши кўҳсорон ва водиҳои сарсабзу хуррам, аз ҳар дару девори сарзамини мо навиди ҷашни фархундаву шукўҳманди Наврўз ба гўш мерасад.

Навои рўҳпарвару тарабангези Наврўз бо навои дарёҳову чашмаҳои хурўшон, бо табиати эҳёшуда, бо таърихи пурифтихор, адабу фарҳанги пурғановат ва ҳаёти пурхурўши мо ҳамсадо гардида, Тоҷикистони соҳибистиқлолро дуруд мегўяд.

Навоҳои наврўзии диёри мо таронаи истиқлолро месароянд, истиқлоле, ки ба Тоҷикистон пару боли тозаву тавоно ва парвози баланд бахшидааст. Ин пару бол кишвари хуршедии моро сўи ояндаи дурахшон ва ҷаҳони мутамаддину мутараққӣ ҳидоят менамоянд.

Аз рўи расму ойини наврўзӣ бори дигар ҳамаи сокинони кишварамон, ҳамватанони бурунмарзӣ, кулли тоҷикони ҷаҳон ва ҳамчунин мардумони ҳамаи кишварҳои дунёро, ки Наврўзро таҷлил мекунанд, ба муносибати Рўзи ҷаҳонии Наврўз ва Соли нави аҷдодии мардуми куҳанбунёди тоҷик самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатӣ, хушбахтӣ, комёбӣ ва рўзгори босаодат орзу менамоям.

Ҳар рўзатон Наврўз, рўзгоратон хушу хуррам ва саратон чун баҳорон сарсабз бод!

Наврўзи хуҷастапай муборак, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520