Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Роғун

10.07.2012 19:00, шаҳри Роғун

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Роғун ташриф овард ва зимни он ҳамчунин бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳи Роғун шинос шуда бо фаъолони шаҳр мулоқот анҷом дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо рафти барқарорсозии иншооти мавҷуда ва омодагӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз сатҳ ва сифати баланди корҳо изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт: «ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки нерӯгоҳи Роғун барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст ва сифати корҳо бояд ба ин ҳадафи воло мутобиқ бошад». Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин изҳор дошт, ки «нерӯгоҳи Роғун бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат карда, танҳо манфиат расонад ва ҳеҷ зиёне надошта бошад». Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетию саҳмияҳои мардум ва масолеҳи сохтмонӣ дода шуд.

Аз сифати хуби корҳои барқарорсозӣ ва омодагӣ ба идомаи сохтмон ва ҳамчунин табъу руҳияи баланди бунёдгузорони ин кохи нурофарин бараъло аён аст, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро оид ба устувору босифат анҷом додани ҳар як амал сармашқи кори худ кардаанд.

Зимни мулоқот бо фаъолони шаҳри Роғун, ки бо иштироки масъулини сатҳи ҷумҳуриявӣ ва роҳбарони як зумра шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид, ба роҳбарияту аҳли заҳмати онҳо доир ба ҷамъоварии ҳосили ғалладона, ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, омодагӣ ба зимистон, барои ду сол захира кардани озуқаворӣ, сӯзишворӣ ва хӯроки чорво супоришҳои мушаххас дод ва таъкид гардид, ки ин ба роҳбарони тамоми шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар низ дахл дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз афзоиши шумораи ҷинояткорию қонуншиканӣ дар миёни ҷавонону наврасон изҳори нигаронӣ карда, доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас, иҷрои босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дастуру ҳидоятҳо дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520