Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев

17.05.2021 10:20, шаҳри Душанбе

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо  Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро бо таманниёти нек ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик намуданд.

Пешвои миллат фаъолияти бисёрсолаи самарабахши давлатии муҳтарам  Қосим–Жомарт Токаевро, ки  боиси эҳтироми баланд ва обрӯву эътибори шоистаи ӯ гардидааст, бахусус қайд карданд.

Ҳамчунин, таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлати Қазоқистон ба масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон, ки дар сиғаи шарикии стратегӣ бомаром рушд меёбанд, таъкид гардид.

Дар ин зимн ҷонибҳо атрофи рӯзномаи музокироти қарибулвуқӯи сатҳи олии ҷонибҳо дар шаҳри Душанбе ибрози ақида намуданд.

Изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон омили густариши минбаъда ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвари ба ҳам бародарро ташкил хоҳанд дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520