Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати 17-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

05.11.2011 17:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Фардо аз қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 17 сол пур мешавад ва ин санаи муҳими таърихӣ ҳамчун ҷашни шаклгирии давлатдории демократӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвари маҳбубамон бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил хоҳад шуд. Ба ин муносибат ҳамаи шумо ҳамдиёрони гиромиро самимона табрику таҳният гуфта, бароятон, пеш аз ҳама, саломатӣ, рўзгори орому осоишта, зиндагии шоиста ва сарфарозиву баландиқболиро орзу менамоям.

Ба ҳама маълум аст, ки Конститутсияи имрўза самараи соҳибистиқлолии давлатамон мебошад. Маҳз дар заминаи Истиқлолияти давлатӣ барои муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, самтҳои инкишофи ҷомеа, бунёди давлатдории навин заминаи воқеӣ гузошта шуда, рушди бемайлони давлат, вазъи мўътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ,таъмини волоияти қонун, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин карда шуд.

Дар ҳамин марҳила нахустин санадҳои танзимкунандаи муносибатҳои вобаста ба ташаккулёбии рукнҳои давлатдорӣ, фаъол намудан ва таҳкими сохтори ҳокимияти давлатӣ ба тасвиб расиданд. Дар натиҷаи талошҳои устувору пайваста ҳокимияти конститутсионӣ барқарор гардида, зарурати қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ба миён омад ва марҳилаи таъсиси мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ оғоз шуд.

Дар ин замина 6 ноябри соли 1994 бо азму иродаи халқи азизамон ва диди тозаи онҳо ба тамаддуни муосир Конститутсияи давлати мустақили озоду адолатпарвари Тоҷикистон қабул гардида, истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати Тоҷикистон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.

Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд.

Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.

Маҳз дар асоси талаботи меъёрҳои Конститутсия қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои муҳиме, ки ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ ва танзими ҳуқуқии паҳлўҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошанд, қабул карда шуданд, ки ҳамаи онҳо дар маҷмўъ ифодаи раванди солими ислоҳоти ҳуқуқӣ дар мамлакат буда, заминаи боэътимоди пешрафти ҷомеаро таъмин мекунанд.

Бо назардошти ин, метавон гуфт, ки Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, пойдевори ҳуқуқии давлати наву соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Конститутсия – қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷоду такмили қонунгузорӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад.

Ман тамоми дастовардҳоеро, ки тўли 17 соли амали Конститутсияи Тоҷикистон насиби халқу давлати мо гардидаанд, натиҷаи хиради азалии мардуми сарбаланду матиниродаи Тоҷикистон меҳисобам.

Бо қаноатмандӣ метавон тазаккур дод, ки маҳз Конститутсия ба таъмини озодиву ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла озодии сухан, озодии виҷдон ва амсоли инҳо, чун қонуни асосӣ кафолат медиҳад.

Дар айни замон ҳамагон бояд донанд, ки яке аз талаботи муҳими Конститутсия эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳо мебошад. Барои ноил гардидан ба ин ҳадаф пеш аз ҳама зарур аст, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо мақсад ва вазифаи ҷонии ҳар фарди ҷомеа гардад.

Маҳз дар ҳамин сурат, мо метавонем ба ҳадафҳои олии худ – эъмори давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона муваффақ шавем.

Ман боварии комил дорам, ки минбаъд низ иродаи шикастнопазири халқамон моро дар роҳи расидан ба ҳадафи созандаи стратегӣ раҳнамун сохта, меҳру муҳаббати ҳар як сокини мамлакатро ба ин санади тақдирсоз ва тавассути он ба Ватану ватандорӣ, худшиносию ифтихори миллӣ боз ҳам тақвият мебахшад.

Дар охир бо арзи эҳтироми бепоён бори дигар санаи бузурги миллӣ-17-солагии Рўзи Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тамоми мардуми шарифи кишвар самимона табрику таҳният мегўям.

Саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520