Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш

19.06.2021 14:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли самимият Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид табрик менамоям.

Мутмаинам, ки таҷрибаи ғанӣ ва малакаи касбиву ҳирфавии Шумо минбаъд ҳам ба баланд бардоштани мақому манзалати Созмони Милали Муттаҳид, такмили  минбаъдаи абзорҳои фаъолияти он, ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амният, инчунин татбиқи ҳадафҳои рушди умум хидмат хоҳанд кард.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам  омодагии  Тоҷикистонро ҷиҳати идомаи самарабахши ҳамкориҳои судманд бо Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои тахассусии он дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи умум ба манзури расидан ба ҳадафҳо ва арзишҳои волои Созмони Милали Муттаҳид таъкид намоям.

Ба Шумо саломатии комилу саодатмандӣ, некӯаҳволӣ ва дар пешбурди минбаъдаи ваколатҳои пурмасъулиятатон муваффақиятҳои нав ба нав орзумандам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520