Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев

23.06.2021 17:45, шаҳри Душанбе

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим–Жомарт Токаев баргузор гардид.

Дар оғози суҳбат Роҳбарони ду давлат оид ба натиҷаҳои сафари расмии ба наздикӣ анҷомдодаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон, мубодилаи афкор намуданд ва ба тавофуқоте, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои Душанбе дар сатҳи олӣ ба даст омаданд, баҳои баланд доданд. Дар ин қарина Пешвои миллат изҳори боварӣ намуданд, ки татбиқи пайгиронаи тавофуқоти мазкур ба рушди бемайлони шарикии стратегии ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Президентҳо инчунин вазъи имрӯзаи сиёсиву низомии Афғонистони ҳамсояро мавриди муҳокима қарор доданд. Муҳиммияти мусоидати ҳамаҷониба ба оғози амалии раванди музокироти байниафғонӣ қайд карда шуд.

Ҷонибҳо бо нигаронӣ оид ба шиддат гирифтани вазъ дар ноҳияҳои шимолӣ ва шимоливу шарқии ин кишвар, ки ба афзоиши ташаннуҷ боис гардида, ба ҳолати умумии таъмини амнияти минтақавӣ таъсири манфӣ мерасонад, ибрози андеша намуданд.

Дар ин робита аҳаммияти идомаи ҳамоҳангии зичи хадамоти дахлдор ва идораҳои соҳавии ду кишвар чи дар асоси дуҷониба ва чи дар сатҳи бисёрҷониба қайд гардид.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Қазоқистон ва баъзе масъалаҳои умдаи рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ табодули афкор намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520