Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

29.06.2021 16:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо  Президенти Туркманистонро бо таманниёти нек ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик намуданд.

Пешвои миллат фаъолияти сермаҳсули давлатии муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро дар роҳи таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Туркманистони дӯст, ҳамчунин обрӯву эътибори баланди ӯро дар дохили ҷомеаи Туркманистон ва берун аз он қайд карданд.

Дар ин зимн, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми бародари Туркманистон сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзу намуданд.

Ҷонибҳо атрофи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон мубодилаи афкор анҷом дода, алоқамандии хешро ҷиҳати ғанӣ гардонидани муҳтавои онҳо бо иқдомҳои нави амалӣ иброз карданд.

Вобаста ба ин Сарони давлатҳо аҳамияти мулоқоту музокироти сатҳи олии ҷонибҳоро дар ояндаи наздик таъкид намуданд. Президенти Туркманистон аз Сарвари давлати мо ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Туркманистон даъват ба амал оварданд. Қарор шуд, ки муҳлатҳои сафар бо роҳҳои дипломатӣ мушаххас карда мешавад.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои алоҳидаи мубрами дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520