Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси намояндагони (Вулуси Ҷиргаи) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ

30.06.2021 11:50, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Раиси Маҷлиси намояндагони (Вулуси Ҷиргаи) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ  30.06.2021

30 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси намояндагони (Вулуси Ҷиргаи) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот раванди ҳамкории байни кишварҳо, ба хусус робитаҳои парлумонӣ, рушди ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсӣ, мудофиа, амният, иқтисод, тиҷорат, илму маориф, васоити ахбори омма ва тандурустӣ, ҳамчунин вазъи имрӯзаи Афғонистони ҳамсоя, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мардуми Тоҷикистон на танҳо аз назари ҷуғрофӣ, балки аз дидгоҳи муштаракоти арзишӣ низ ҳамеша дар паҳлӯи мардуми Афғонистон қарор хоҳад дошт.

Мо аз иқдомҳои ҳукумату мардуми кишвари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва бозсозии иқтисоди мамлакат пуштибонӣ хоҳем кард.

Ҷонибҳо оид ба густариши робитаҳо дар самтҳои барои кишварҳо афзалиятноку судманди соҳаҳои энергетика ва зерсохтор, ташкили долонҳои нави нақлиётӣ байни кишварҳо ва татбиқи барномаҳои муштарак дар самтҳои мазкур, табодули андеша карданд.

Вобаста ба идомаи нооромиҳо дар Афғонистон ва шиддат гирифтани вазъи сиёсиву низомӣ дар ин кишвари ҳамсоя, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ҷонибҳо ҳамкории амалии ду кишварро дар арсаи амниятӣ зарур донистанд.

Таъкид гардид, ки барои мубориза бар зидди террористон ва гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори қочоқи маводди мухаддир чораҳои муассир андешида шаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520