Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас

01.07.2021 11:25, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас  01.07.2021

1 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Засро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот самтҳои афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар соли 2021, вазифаҳои имрӯзаи Созмон ва баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон тибқи афзалиятҳои дар доираи Созмон эълоншуда, вазифаҳои раёсати худро пайваста иҷро карда истодааст.

Таъкид гардид, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ҷаласаҳои кумитаи котибони шӯроҳои амният, шӯроҳои вазирони дифоъ ва вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардид ва корҳои омодагӣ ба баргузории иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ идома дорад.

Аз фаъолияти Котиботи Созмон ҷиҳати мусоидат дар омодагӣ ва гузаронидани чорабиниҳои бобарор дар Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба вазъи душвори низомиву сиёсӣ дар минтақа табодули андеша намуда, мустаҳкам кардани иқтидори ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистонро зарур шумурданд.

Дар вохӯрӣ инчунин дигар масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла омодагӣ ба баргузории мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, муҳокима карда шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520