Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

18.07.2012 09:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Бистуми июл моҳи шарифи Рамазон - моҳи раҳмату шафқат ва мағфирату саховат фаро мерасад. Ба ин муносибат ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Боиси қаноатмандӣ ва саодатмандиву иқболи баланди мардуми мост, ки халқи азизамон дар фазои сулҳу осудагӣ, ваҳдати комил ва рӯҳияи баланди созандагӣ зиндагӣ дорад.

Худои таоло низ дар фазои сулҳу субот зиндагӣ карданро ба бандагонаш як амри ҳатмӣ медонад.

Моҳи Рамазон ҳам дар каломи раббонӣ ва ҳам дар аҳодиси пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад ҳамчун моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо борҳо таъкид шудааст.

Сарчашмаи гиромӣ донистани ин моҳи шариф ба мусулмонони дунё нузули китоби муқаддаси Қуръони шариф мебошад.

Ин моҳ арзишҳо ва ҳикматҳое дорад, ки барои ҷаҳониён сабақомӯз ва намунаи ибрат мебошанд. Чунонки Худованд дар ояи 185-уми сураи «Бақара» мефармояд: «Моҳи Рамазон моҳест, ки дар он Қуръон нозил шудааст, китобе, ки мардумро роҳбар ва дарбаргирандаи далоили ошкори ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст. Ва ҳар кӣ аз шумо ин моҳро дарёбад, пас, албатта, дар он рӯза дорад ва ҳар кӣ бемор ё мусофир бошад, пас, барои вай ба шумори он чи фавт шуд, аз рӯзҳои дигар лозим аст. Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад».

Парҳезгорӣ ва зиндагии ҳалолу покиза, мурувват намудан ба атрофиён, дасти фитодаҳоро гирифтан, аз рӯи тавону имкон кӯмак кардан ба бародарону хоҳарони мӯъмину мусулмони худ, худдорӣ аз ҳама амалҳои ношоиста, доштани ахлоқи накӯ ва тақвияти он тавассути амалҳои хайру савоб, худро ҷузъи ҷомеа ҳисобидан ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки дар ин моҳи шариф барои рӯзадорон ҳатмӣ шуморида мешаванд.

Муҳимтарин хислати ин моҳи шариф ҳамин аст, ки зоҳиру ботини фарди мусулмон бояд ягона бошад, сабру таҳаммул дар қалбу ҷисмҳо маҳкам ҷой гирад ва тамкину матонат инсонҳоро раҳнамо гардад.

Бинобар ин, анҷом додани амалҳои хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартабаву обрӯю эътибор миёни аҳли ҷомеа, балки ба хотири ризои Худованд аз ҳикматҳои дигари ин моҳи азизу муқаддас мебошад.

Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали нек ва ё як кори хайру савобро анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст.

Яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад.

Набояд фаромӯш кард, ки моҳи саиди Рамазон нафақат моҳи имтиҳони нерӯи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи рӯҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол низ мебошад. Ин нукта ба онҳое дахл дорад, ки ба хизматрасонии мардум масъулият доранд.

Ба таври сунъӣ боло бардоштани нарху навои бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ аз амалҳои бадтарине ҳисоб мешавад, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст.

Дар ин маврид Пайғамбари ислом фармудаанд: «Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи дӯзах қарор хоҳад дод».

Инсонпарвариву инсондӯстӣ, эътирофи ҳаққи дигарон, муносибат дар заминаи ҳусни тафоҳум ва саъю талоши бештар барои анҷом додани аъмоли нек, аз ҷумла созандагиву ободгарӣ аз фазилатҳои дигари моҳи Рамазон мебошад.

Аз ин рӯ, инсонҳоро зарур аст, ки рафтору муомилаи нек бо ҳамсоягон, раҳму шафқат ба дардмандон, ғамхориву меҳрубонӣ ба пиронсолон, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват бо дӯстону ҳамкорон, ҷавонмардиву олиҳимматӣ ва қадршиносиро ба яке аз маҳакҳои зиндагии ҳамарӯзаи худ табдил диҳанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек, дар ин рӯзи муборак ба ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз аз даргоҳи Худованди бузург, пеш аз ҳама, тандурустиву саодати рӯзгор, оромишу осоиш, сулҳу ризоият ва хонаи ободу осударо орзу менамоям.

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520