Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

06.07.2021 12:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо бо таманниёти нек Президенти  якуми Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрику муборакбодӣ намуд. 

 Пешвои миллат дастовардҳои бузурги Қазоқистон таҳти роҳбарии Нурсултон Назарбоев, инчунин саҳми арзишманди Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистонро дар роҳандозӣ ва рушди муносиботи Тоҷикистон ва Қазокистон қайд карданд.

Дар ин зимн ҷонибҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон ибрози ақида намуда, баъзе масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карданд.

Дар ин росто, ба масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин вазъияте, ки имрӯз дар Афғонистон ба вуҷуд омада истодааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Мавриди зикр аст, ки Сарвари давлати мо қаблан унвонии  Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон барқияи табрикотӣ ирсол намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520