Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

12.07.2021 12:50, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Дар рафти суҳбат роҳбарони ду давлат ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон, бахусус робитаҳои тиҷоративу иқтисодии ҷонибҳоро муҳокима намуда, ҷараёни мусбати рушди онҳоро тайи солҳои охир қайд карданд.

Ҷонибҳо вазъи имрӯзаи низомиву сиёсии Афғонистонро мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор доданд.

Вобаста ба ин Пешвои миллат ба Президенти Озарбойҷон дар хусуси вазъияти ташвишоваре, ки имрӯзҳо дар минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Афғонистон ба миён омадааст, маълумоти муфассал манзур намуда, нигаронии амиқи худро аз шиддат гирифтани вазъ дар марзҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иброз доштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Президенти   Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар фурсати барояшон муносиб даъват ба амал оварданд. Муҳлатҳои сафар бо роҳҳои дипломатӣ мушаххас карда мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520