Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

12.07.2021 17:20, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ ба вазифаҳои масъул таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Мутобиқи модда 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори марказии Вазорати корҳои дохилӣ, шӯъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар як қатор шаҳру навоҳии мамлакат ва роҳбарони намояндагиҳои вазорати мазкур, дар назди баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ тағироти кадрӣ намуданд. Зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои ба вазифаҳои масъулиятнок таъингардида дастур доданд, ки дар ҷаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда ва оинномаҳои хизматӣ фаъолият намуда, бар зидди ҳамагуна ҷиноят ва қонуншиканӣ мубориза баранд.

Бо назардошти авзои печидаву мураккаб ва пешгӯинашавандаи минтақа таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккил дар таъмини амнияту суботи кишвар бо масъулияти баланд муносибат намоянд.

Дар замони ҷаҳонишавӣ донистани забони хориҷӣ ва истифодаи технологияи муосир муваффақияти ҳар як роҳбар ба ҳисоб рафта, дар пешгирӣ ва мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва маблағгузории гурӯҳҳои ҷинояткори экстремисти нақши муассир дорад», - таъкид намуданд Пешвои миллат.

Дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз содиршавии ҳамагуна ҷиноят ва боло гузоштани манфиатҳои давлату миллат аз дигар манфиатҳо аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буданд.

 «Ҳар кадоми Шумо – кадрҳои ҷавону ояндадор таҷрибаи корӣ доред ва ҳамчун мутахассисони касбӣ шинохта шудаед. Бо мардум робитаи наздик дошта бошед, то дар ҷомеа соҳиби эҳтирому обурӯ гардед» - таъкид намуданд Сарвари давлат дар фарҷоми мулоқот.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520