Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияҳои изҳори тасаллӣ аз сарони як қатор давлатҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

27.07.2021 19:00, шаҳри Душанбе

Дар робита ба даргузашти Қурбонбӣ Раҳмонова – хоҳари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони як қатор давлатҳо ва ҳукуматҳои хориҷӣ номаҳои изҳори тасаллӣ ворид гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар номаи тасаллии худ гуфтааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Хабари даргузашти хоҳари Шумо Қурбонбӣ Раҳмоноваро бо андуҳи амиқ дарёфтам.

Дар иртибот ба ин талафоти гарон ҳамшарики мусибати Шумо шуда, ба Шумо ва ҳамаи аъзои оилаатон ҳамдардии самимии худро изҳор менамоям.

Худованд руҳашонро шод гардонад».

Дар паёми тасаллии Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд омадааст:

«Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Мо хабари даргузашти хоҳаратон хонум Қурбонбӣ Раҳмоноваро (Худованд раҳмат кунад) бо камоли андуҳ дарёфт кардем.

Ба Шумо Ҷаноби Олӣ, мардуми бародари Тоҷикистон ва оилаи марҳум таъзияи амиқ ва самимии худро изҳор менамоем ва аз Худованди таъоло масъалат дорем, ки марҳумро раҳмат ва мағфират намуда, ҷояшонро биҳишт гардонад ва Шуморо аз ҳар гуна бадӣ дар паноҳаш нигаҳ дорад».

Дар барқияи тасаллии Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон –  Шоҳзода Карим Исмоил Оғохон гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Ман ба Шумо ҳамдардии самимии хешро нисбати даргузашти хушдоман ва хоҳари маҳбубатон иброз медорам. Бигзор руҳи рафтагон дар осоиштагии абадӣ бошад ва Худованди Карим ба Шумо ва аҳли оилаатон сабри ҷамил ва ирода барои тоб овардани ин талафоти ҷуброннопазир ато намояд.

Дар ин рӯзҳои хеле ғамангез дуогӯ ва ғамшарики Шумо мебошам».

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар номаи тасаллиаш чунин нигоштааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Хабари ҳузнангези марги бармаҳали хоҳари хурдиатон Қурбонбӣ Раҳмоноваро бо андуҳи амиқ дарёфтам.

Ба Шумо изҳори тасаллии самимӣ намуда, ба талафоти ҷуброннопазиратон ҳамдард ҳастам. Ба Шумо сабри ҷамил ва таҳаммул хоҳонам».

Ҳамчунин ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барқияҳои изҳори тасаллии самимӣ аз Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин ва Валиаҳд, Муовини Раиси Шӯрои вазирон, Вазири мудофиаи Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд ворид гардиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520