Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод

10.01.2011 18:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла, омадааст:

Ҷаноби Олӣ,

Хабари садамаи ҳавопаймо, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон гардид, тамоми мардуми Тоҷикистонро андўҳгин намуд.

Бо изҳори таъзия ва тассалият ба мардуми дўст ва бародари Эрон аз Ҷаноби Олӣ хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии моро ба наздикони шуҳадо бирасонанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520