Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиёда аз 150 нафар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд

07.09.2009 16:00, шаҳри Душанбе

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили солгарди 18 - уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба зиёда аз 150 нафар шахсоне, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа хизматҳои арзандаи қадрдонӣ кардаанд, мукофотҳои давлатӣ супурд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои шоиста дар рушди иқтисод, энергетика, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ташкили хизмати аълои ҳарбӣ, таҳкими қонуният ва адолати судӣ, хизмати намунавии давлатию ҷамъиятӣ ва фаъолияти босамар ҷиҳати таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байни халқҳо 6 нафар бо ордени Дӯстӣ, 6 кас бо ордени Спитамен дараҷаи 2, 7 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 1, 29 нафар бо Ордени Шараф дараҷаи 2 ва хеле бештар аз ин шумора бо медалҳои «Хизмати шоиста», «Ҷасорат» ва «Шафқат», унвонҳои фахрии корманди шоистаи Тоҷикистон ва бо ифтихорномаҳо сарфароз гаштанд.

Зулфия Атауллоева бо унвони фахрии Нависанда (шоир)-и халқии Тоҷикистон сарфароз гашт.

Ба 6 нафар ҳунарпешагони маъруфи санъати театрӣ ва мусиқии Тоҷикистон, аз ҷумла Лола Азизова, Амриддин Кабиров, Ортиқ Қодиров, Соибсултон Алиназарова, Меҳринисо Ҳоҷибоева ва Сороҷон Сабзаалиева унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» дода шуд.

Сарояндаи овозадори сурудҳои фалакӣ Маҳмадсафар Муродов бо унвони фахрии «Ҳофизи халқии Тоҷикистон» сарфароз гардид.

Рассомони шинохтаи мамлакат Сайфуддин Шералиев ва Рахимҷон Ҳамдамов арзандаи унвони фахрии «Рассоми халқии Тоҷикистон» дониста шуданд.
Ба якчанд нафар аз овозхонону ҳунармандони дигар унвони фахрии «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» дода шуд.

Чанде аз намояндагони воломақоми ҳайати роҳбарӣ ва фармондеҳии сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо рутбаҳои навбатии генерал-майор сарфароз гаштанд.

Муовини аввали прокурори генералии Тоҷикистон Абдусами Додобоев бо рутбаи навбатии дараҷавии мушовири давлатии адлияи дараҷаи II ва Муовини прокурори генералии мамлакат – Сарпрокурори ҳарбӣ Юсуф Раҳмонов бо рутбаи генерал – лейтенанти адлия сарфароз гардонда шуданд.

Худи ҳамин рӯз ҳамчунин Ҷоизаҳои ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника, ки дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буданд, тақдим карда шуданд.

Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар бахши илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техника ба Ӯлмас Мирсаидов ва дар бахши илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ ба Муҳаммадҷонҷон Шакурӣ супурда шуд.

Як зумра олимони ҷавону умедбахш дар соҳаҳои гуногуни илму техника кашфиёти ихтироъот ва корҳои пурарзиши илмию эҷодӣ анҷом додааанд, бо Ҷоизаҳои давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонда шуданд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи нафарони мукофотҳои давлатӣ гирифтаро бо ин сарфарозӣ ва бо солгарди 18-уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ин мукофотҳоро нишонаи боварии баланд ва қадрдонии давлату ҳукумат ба хизматҳои шоёни таҳсини онҳо арзёбӣ кард ва изҳори боварӣ намуд, ки онҳо ва кулли ҳаммаслаконашон минбаъд низ баҳри таҳкими амнияту суботи давлат ва таъмини пешрафту шукуфоии Ватани азиз – Тоҷикистони соҳибистиқлол содиқонаю софдилона адои хизмат мекунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520