Нимаи дуюми рӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як бинои нави истиқоматӣ дар кӯчаи Варзишгарони пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст.
Қабл аз ифтитоҳи бинои нави истиқоматӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро дар ҷойи сохтмони бинои дигари истиқоматӣ гузошт. Бинокорон қавл доданд, ки сохтмони онро тайи ду соли оянда, яъне то ҷашни солгарди 20-уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон анҷом хоҳанд дод.
Мутобиқи лоиҳа дар ҳамин мавзеъ бояд бо харҷи 13 миллиону 22 ҳазор сомонӣ ду бинои истиқоматӣ сохта мешуд, ки ҳар яке дорои 72 хона мебошанд.
Имрӯз бинои аввали он бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расман ба истифода дода шуд ва 72 нафар кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли хонаводаи онҳоро шодию нишоти бепоён фаро гирифт. Маҳз хамин шумораи онҳо имрӯз соҳиби хонаҳои наву замонавӣ шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин иқдоми роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро як тадбири ибратбахш арзёбӣ намуд.
Як гурӯҳ соҳибони хуштолеи ин хонаҳои барҳаво калиди хонаро бевосита аз дасти Сарвари давлат гирифта, аз ин лаҳзаи фаромушнопазир басо хушҳолу сарфароз гаштанд.
Ин бино бо харҷи 7 миллион сомонӣ сохта ва омодаи қабули сокинонаш гаштааст. Қобили таъкид аст, ки он пурра аз ҳисоби даромадҳои тиҷоратии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бе харҷи маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфтааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити зисту будубош дар он маълум шуд, ки бинои истиқоматӣ аз 48 хонаи 1-ҳуҷрагӣ ва 24 хонаи 2-ҳуҷрагӣ иборат буда, асосан барои кадрҳои ҷавони болаёқату ояндадори соҳа пешбинӣ шудааст, то онҳо тавонанд бо аҳли оилаи худ соҳиби манзили хизматӣ бошанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба лоиҳаи бино ва сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки тайи чанд соли охир дар ҷумҳурӣ се шабакаи нави телевизионӣ ва ду шабакаи радиоии сартосарии кишвар ба кор шурӯъ намуда, беш аз 500 нафар мутахассисони ин соҳаро бо кори доимӣ таъмин намуданд.
Илова бар ин қобили таъкид аст, ки дар ин давра ҳамчунин як зумра шабакаҳои радиотелевизионии ғайридавлатӣ низ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Айни ҳол дар Тоҷикистон 16 шабакаи радиотелевизионии давлатӣ ва 28 адад ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд.
Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кормандони телевизиону радио ва аҳли санъатро ба боз ҳам баланд бардоштани мазмуну муҳтаво ва сифати барномаҳо ва асарҳои мусиқӣ ҳидоят намуд.