Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

20.01.2011 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба вазъи кунунии водии Рашт ва таъмини рушди минбаъдаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии он ба таври муфассал баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои таъмини иҷрои барномаю нақшаҳои давлатӣ ва андешидани чораҳои иловагӣ супоришҳои мушаххас дод.

Аз ҷумла дастур дода шуд:
- ҳаҷми қарзҳои хурди бонкӣ ба соҳибкорони хурду миёнаи минтақа зиёд карда шуда, фоизи бозгардонии қарзҳо паст карда шавад;
- Дар соли равон 64 синфхонаи иловагӣ барои мактабҳои ноҳияи Рашт сохта шуда, барои ба мактабҳои умумӣ табдил додани мактабҳои ибтидоӣ ва 9 – сола тадбирҳо амалӣ карда шаванд;
- 2,5 ҳазор дона китобҳои дарсӣ, ки намерасанд давоми як ҳафта ба ҳамаи мактабҳои ноҳия дастрас карда шаванд;
- Бунёд ва таҷдиди варзишгоҳи марказии ноҳияи Рашт бо 4 ҳазор ҷойи нишаст то ҷашни солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо сифати баланд ба анҷом расонда шавад;
- Сохтмони толори варзишии Филиали Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи Садриддин Айнӣ ва як бинои нави таълимии он дар соли равон ва хобгоҳи дуюми донишҷўён соли 2012 ба анҷом расонда шавад;
- Матбааи ноҳия бо техникаю таҷҳизоти нав дар мўҳлати кўтоҳ таъмин карда шавад;
- Ба театри халқии ноҳия либосҳои саҳнавӣ ва дастгоҳҳои тақвияти садо дастрас карда шаванд;
- Шароити муосири дилхушӣ дар Боғи фарҳангиву фароғатии ноҳия муҳайё карда шаванд;
- Пахши пурра ва босифати мавҷҳои телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ таъмин гардад;

Ҳамчунин доир ба бунёди нерўгоҳҳои хурди барқӣ, коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ доир ба дўхти либос, коркарди меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд кардани грантҳои ҳукуматӣ барои рушди ҳунармандии мардумӣ, таъмини шароити зарурии муосир дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, навсозии роҳҳои маҳаллӣ, ба хоҷагиҳои кишоварзӣ дастрас кардани тракторҳо, испор, тухмипошак, дигар техникаву таҷҳизоти зарурӣ, тухмиҳои хушсифат, беҳсозии вазъи мелиоративии заминҳои обӣ ва азхуднамоии заминҳои нав, ҷудо кардани замин ба аҳолӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ ва кашидани хатҳои оби ошомиданӣ дастуру ҳидоятҳо дода шуд.

Таъкид гардид, ки дар чаҳорчўби таҷлили ҷашну идҳои миллӣ – Наврўзи хуҷастапай, Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 20 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷкистони азиз чорабиниҳои бошукўҳи фарҳангию варзишӣ, ки ба баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозии мардум аз таъриху тамаддун ва давлату давлатдории миллии тоҷикон мусоидати фаъол мекунанд, ба роҳ монда шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар мўҳлати 10 рўз доир ба иҷрои дастуру супоришҳои имрўза нақшаи мушаххаси чорабиниҳо бо мўҳлатҳои муайн таҳия ва пешниҳод гардад ва рафти иҷрои барномаю нақшаҳои давлатӣ дар ин минтақа таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520