Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

19.08.2009 11:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

Ҷалолатмаоб,

Табрикоти самимии маро ба муносибати Иди миллии кишвари дӯст – ҷашни 90-умин солгарди истирдоди истиқлоли давлати Афғонистон қабул фармоед.

Мардуми бародари Афғонистон дар тули 90 соли таърихи навини хеш дар рафъи мушкилоти сершумор заҳматҳои беандоза кашид ва ба дастовардҳои муҳим ноил гашт. Ва имрӯз Шумо, Ҷалолатмаоб, барои таҳкими низоми сиёсӣ, пешрафт ва ободии ин сарзамини бостонӣ ҷаҳд намуда, ҷиҳати истиқрори сулҳ, амният, бозсозӣ, пешрафт ва саодати зиндагии мардуми Афғонистон саъю талоши ҳамарӯзӣ ба харҷ медиҳед.

Рушду густариши равобити дӯстонаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар тамоми заминаҳо омили муҳими амну осоиши минтақа буда, ҷавобгӯи манофеъи олии ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг аст. Тавофуқоти ҳосилшуда ҳангоми сафари кории ба наздикӣ суратгирифтаи Шумо ба Тоҷикистон ва ҳамкории бунёдии рушдёбандаи мо баёнгари возеҳи он аст.

Дар ин рӯзи саид ба Ҷалолатмаоб аз самими қалб хушбахтиву саломатии бардавом ва пирӯзиҳои нав ба нав орзумандам ва ба мардуми дӯсти Афғонистон хушрӯзӣ ва саодат таманно дорам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520