Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Хонум Пратибха Патил

15.08.2009 11:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Хонум Пратибха Патил ба муносибати ҷашни миллӣ – солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Ҳиндустон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

Хонуми Олиҷоҳ,

Табрику таҳнияти самимии мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фарорасии ҷашни миллӣ – солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Ҳиндустон қабул фармоед.

Мо шоҳиди дастовардҳои муҳими кишвари Шумо дар арсаҳои гуногуни зиндагии ҷомеа ва ширкати фаъоли он дар ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошем.

Боиси қаноатмандист, ки дар солҳои ахир муносиботи дӯстонаи мо бар асари саъю эҳтимом ва кӯшишҳои ҳар ду ҷониб сатҳи баланд ва сифатан навро касб намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки густариш ва тавсеаи ҳамкории васеъ ва бунёдии ду кишвари дӯст ба нафъи мардумони мо ва амнияту суботи минтақа аст. Умедворам, ки сафари қариб-ул-вуқуъи Шумо ба Тоҷикистон ба ин раванд такони ҷиддӣ хоҳад дод.

Бо ибрози таманниёти беҳтарин ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатии комил ва комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Ҳиндустон хушрӯзӣ ва саодат орзумандам.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520