Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири фавқулодда ва мухтори Мамлакати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон

24.01.2011 18:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Мамлакати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Бандар Муҳаммад Ҷамил Аҳмад Маҳмуд эътимоднома қабул намуд.

Зимни сўҳбат, ки пас аз маросими эътимодномасупорӣ ҷараён дошт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз равобити сиёсии ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, ки бар асоси эътимод ва созандагӣ сурат мегиранд, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуд: «Мо ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дўстона бо Мамлакати Арабистони Саудӣ аҳамияти хоса медиҳем ва ин матлабро борҳо таъйид намудаем».

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои сафарҳои худро ба Мамлакати Арабистони Саудӣ, ифтитоҳи сафоратҳои ду кишварро дар пойтахтҳои ҳамдигар – Душанбе ва ар-Риёд ва рў ба густариш овардани муносиботи дўстию ҳамкориро боиси қаноатмандӣ арзёбӣ кард.

Бандар Муҳаммад ҷамил Аҳмад Маҳмуд изҳор дошт, ки ифтитоҳи сафорати Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе ба тавсиаи робитаҳо ва самароварии ҳамкорӣ мусоидати фаъол хоҳад кард.

Ҳамзамон бо ин таъкид гардид, барои тавсиаи ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар кўшиши зиёд ба харҷ бояд дод.

Барои ин доир намудани ҷаласаи нахустини комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ва таҳияи як зумра санадҳои тавсиабахши заминаи қарордодӣ-ҳуқуқӣ зарур шумурда шуд. Аз ҷумла таҳия ва ба тасвиб расондани созишномаҳои байниҳукуматӣ дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, канорагирӣ аз андозбандии дукаратаи даромаду сармоя, оид ба ҳамкорӣ дар бахши туризм ва додани қарзҳо амри матлуб арзёбӣ гардид.

Ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, истихроҷи нафту газ, саноати кимиёвӣ, кўҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои гўсфандпарварӣ, парвариши замбўри асал, истеҳсолу содироти меваю сабзавот, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсолу содироти оби баландсифати нўшокӣ мароқ зоҳир карда шуд. ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва туризми кўҳӣ низ судбахш арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла оид ба ҳамгироӣ дар чаҳорчўби Созмони конфронси исломӣ гуфтугў сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520