Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ

14.08.2009 11:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

Ҷаноби Олӣ,

Боиси сарфарозии ин ҷониб аст, то Ҷаноби Олӣ, давлат ва мардуми Покистонро ба муносибати фаро расидани ҷашни солгарди Иди истиқлоли кишвари дӯст самимона табрик ва таҳният гӯям.

Хушбахтона тайи солҳои охир муносибатҳои Тоҷикистону Покистон густариш ва тавсеа ёфтанд, ки нишонаи возеҳи он сафари расмии Шумо ба Тоҷикистон буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори вусъати тоза пайдо кардани ҳамкориҳои мо дар тамоми заминаҳо ва рушду инкишофи ҳамешагии онҳост, ки ин раванд ба нафъи ҳарду кишвар ва мардумони он аст. Умедворам, ки ҷиҳати амалӣ шудани тавофуқоти ҳосилшуда ҳарду ҷониб аз ҳамаи имкониятҳо истифода хоҳанд бурд.

Бо ибрози табрику таҳнияти муҷаддад ба Ҷаноби Олӣ тансиҳатии комилу бардавом ва комёбиву пирӯзиҳои нав ба нав орзумандам. Ба халқи дӯсти Покистон сулҳу субот ва рушду пешрафт таманно дорам.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520