Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вокуниши Эмомалӣ Раҳмон ба ҳодисаи террористии фурўдгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав

25.01.2011 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаи мудҳиши террористӣ, ки дирўз бегоҳӣ дар фурўдгоҳи Домодедоваи шаҳри Маскав рух дод, андўҳгин буда, аз дақиқаҳои аввал ҷараёни расондани кўмакҳо ба шаҳрвандони осебдидаи Тоҷикистонро зери назорати доимӣ қарор додааст.
Хотиррасон мекунем, ки дар натиҷаи ин воқеаи даҳшатбор, ки дар миёни издиҳоми мусофирон рух додааст, 35 нафар ҳалок шуда беш аз 100 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Тибқи маълумоти пешакӣ 12 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон низ осеб дидаанд.
Намояндагони Сафорат ва Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия фавран ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ба шаҳрвандони Тоҷикистон ғамхорӣ зоҳир намуданд. Айни ҳол ба ҳамаи маҷрўҳон, аз ҷумла 12 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар беморхонаҳои шаҳри Маскав ёрии таъҷилии тиббӣ расонида мешавад.
Дар бораи вуҷуд доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни фавтидагон ягон маълумот нест. Баробари расидани хабарҳои дақиқ маълумоти иловагӣ дар бораи ин ҳодиса тавассути воситаҳои ахбори умум паҳн карда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров ва Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифиро вазифадор намуд, ки пайваста дар ҷараёни кўмакрасонӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон буда, барои ғамхорӣ зоҳир кардан ба онҳо мусоидати фаъол намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520