Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

29.07.2009 18:30, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, ки ба шаҳри Душанбе баҳри анҷом додани мулоқотҳои дуҷониба, сеҷониба ва чорҷониба бо сарони Тоҷикистону Покистону Русия ташриф овардааст, мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунчанбаи Тоҷикситону Афғонистон баррасӣ шуд.

Сарони ду давлат аз пайвастагӣ ва мазмуну муҳтавои робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамгироиҳои амниятии сохторҳои дахлдори ду кишварро дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ намуданд.

Сӯҳбати сарони Тоҷикистону Афғонистон нахуст дар мулоқоти як ба як сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб ҷараён гирифт.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки интихоботи пешомади Раисиҷумҳури Афғонистон ва натиҷаҳои он ба таҳкими минбаъдаи амнияту субот ва рушди иқтисодиёти ин кишвари азияткашида мусоидат мекунад.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ роҳи асосӣ ва бешубҳаи таҳкими субот дар Афғонистон аст.

Аз ин хотир, сарони ду давлат ба таҳким ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодӣ бо фарогирии тамоми кишварҳои манфиатдори минтақа омодагии худро таъкид намуданд.

Сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва роҳҳои оҳану мошингарди пайвасткунандаи Осиёи Марказӣ бо Осиёи Ҷанубӣ ба манзури болобарии иқтидори содиротӣ ва транзитии ду кишвар аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон маънидод гардид.

Баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳо миёни Точикистону Афғонистон якчанд санади нави ҳамкорӣ низ ба имзо расид:

Протокол миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ аз 27 – уми апрели соли 2005;

Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ, хоҷагии об ва чорводории Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи ҳамкорӣ баҳри гузарондани чорабиниҳои зидди малах ва ҳашароти зараррасони дигари махсус хавфнок ва касалиҳои растанӣ;

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520