Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ба Тоҷикистон

29.07.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Чунонки иттилоъ дода будем, бегоҳии дирӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Барномаи рӯзи аввали сафари расмии меҳмони олимақом бо маросими истиқболи расмии ӯ дар назди Қасри Миллат оғоз ёфт.

Ба ин муносибат дар ин ҷо парчамҳои давлатии Тоҷикистону Покистон афрохта шуда, Горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф ороста буданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардориро истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ фармондеҳи Горди фахрӣ ба меҳмони олимақом гузориш дод ва сурудҳои миллии ҳарду кишвар садо доданд.

Баъд аз он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ аз назди ҷузъҳои Горди фахрии Тоҷикистон гузашт карданд. Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ҷониби Парчами давлатии Тоҷикистон бо нимтаъзим эҳтиром ба ҷо овард.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб аз наздик шинос шуданд.

Дар маросими расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ҳамчунин намояндагони сершумори корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди сарони ду давлат ба поён расид.

Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар бинои Қасри Миллат нахуст мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ баргузор гашт.

Масоили густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро сарони ду давлат нахуст яка ба яка ва сипас дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд.

Соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, коркарди канданиҳои фоиданок, нахи пахта, пӯсту пашм, бозсозии корхонаҳои ресандагӣ, бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли матоъ ва либосу пойафзол, маводи шӯянда ва рангҳои гуногун, коркарди саноатии гӯшту шир ва меваю сабзавот, коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ, истеҳсоли доруворӣ ва ҳамчунин туризм аз самтҳои ояндадори ҳамкории иқтисодии ду кишвар маънидод гардид.

Сарони ду давлат ҳавасмандии худро ба татбиқи лоиҳаи минтақавии КАСАРЕМ, ки кашидани хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқро аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон дар назар дорад, таъкид намуданд.

Ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла ба пайвастани роҳҳои оҳану мошингарди Тоҷикистон бо бандарҳои баҳрии Қарочӣ ва Гвадари Покистон изҳори омодагӣ карда шуд.

Ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки то охири соли равон миёни шаҳрҳои Душанбею Исломобод хатсайири мустақими ҳавоӣ кушода шавад.

Тибқи мувофиқаҳои дигари бадастомада бояд дар Тоҷикистон филиали Бонки Миллии Покистон кушода шавад ва сармоягузориҳои ҷониби Покистон ба лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои гидроэнергетика ва нақлиёту коммуникатсия афзоиш ёбад.

Мубодилаҳои сиёсӣ ва ҳамгироиҳои муштарак дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир низ аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар номида шуд.

Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро баҳри мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёт ва фазои сулҳу субот дар Афғонистон ба манзури таҳкими амнияти минтақавӣ таъкид намуданд.

Осиф Алӣ Зардорӣ Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ки ба Покистон сафари расмии ҷавобӣ анҷом бидиҳад. Даъват пазируфта шуд.

Сипас дар ҳузур ва бо иштироки сарони ду давлат маросими имзои санадҳои ҳамкории дуҷониба баргузор гардид.

Зери Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ имзо гузоштанд.

Ҳамчунин ду санади дигар - Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Покистон ва Протоколи мубодилаи тасдиқномаи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо ба имзо расиданд.

Сипас Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаҳои мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи олии сиёии Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520