Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Паймони Нерӯ Урбан Руснак

20.07.2012 12:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Паймони Нерӯ Урбан Руснакро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

«Тоҷикистон, ки дорои захираи бузурги энергетикӣ аст, бо ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои манфиатдор, аз ҷумла Созмони Паймони Нерӯ ҳавасманди густариши ҳамкорӣ аст», - изҳор дошт дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон.

Урбан Руснак низ дар навбати худ имконот ва иқтидори энергетикӣ, хусусан гидроэнергетикии Тоҷикистонро «бузургу фаровон» номида, изҳор дошт, ки «Созмони Паймони Нерӯ ба рушди ҳамкории судманд бо Тоҷикистон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин потенсиал манфиатдор аст».

Тавре Урбан Руснак иттилоъ дод, «Созмони Паймони Нерӯ талошҳои Тоҷикистонро доир ба мавриди истифода қарор додани имконоти энергетикӣ ва таъмини амнияти энергетикӣ дастгирӣ намуда, ба ин кишвар барои беҳсозии самарабахшии шабакаҳои барқӣ, баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон ва рушди ҳамкории байналмилалӣ дар ин соҳа кумак мерасонад».

Таъкид гардид, ки имконоти иқтисодӣ, энергетикӣ ва нақлиётию транзитии Тоҷикистон бояд ба нафъи кулли минтақа истифода шаванд.

Бино ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, «ҳамаи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон бо назардошти манофеи тамоми кишварҳои минтақа тарҳрезӣ шудаанд ва мо ҳаргиз аз ғояҳои ба ҳамсоягон зиёновар пуштибонӣ намекунем».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520