Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози корҳои сохтмонӣ дар 2 бинои истиқоматии панҷошёна дар маркази ноҳияи Балҷувон

23.09.2021 08:10, ноҳияи Балҷувон
Оғози корҳои сохтмонӣ дар 2 бинои истиқоматии панҷошёна дар маркази ноҳияи Балҷувон  23.09.2021

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Балҷувон ба корҳои сохтмонии 2 бинои истиқоматии панҷошёна оғоз бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии иншооти сохташаванда 50 садяк заминро дар бар гирифта, замини зери сохтмон 124 метри мураббаъ мебошад.

Дар биноҳои бунёдшаванда 50 хонаи истиқоматии барҳаво, аз ҷумла 10 хонаи 1 ва 40 хонаи 2 ҳуҷрадор ҷойгир карда мешавад.

Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳакаши он Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «САНИИОСП» мебошанд.

Зимни муаррифии лоиҳаи бунёди биноҳои истиқоматӣ Сарвари давлат ба таъмини сифати кор дар рафти бунёди сохтмон дастуру маслиҳатҳо доданд. 

Бинои истиқоматӣ бо мақсади дар оянда таъмин намудани кормандони касбу кори гуногун бо манзили истиқоматии хизматӣ сохта шуда, дар он шароити хуби зисту зиндагонӣ фароҳам оварда мешавад. 

Тибқи лоиҳа дар назди иншоот майдончаи бозии кӯдакона ва истироҳати калонсолон ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон ҳарду бинои бунёдшаванда дорои лифт ва ҷойи махсуси либосхушккунӣ хоҳанд буд.  

Мутобиқи нақша оянда дар ин ҷо боз як бинои дигари 5 ошёнаи истиқоматии хизматӣ сохта мешавад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисми бештари кормандони сохторҳои гуногун бо манзилҳои истиқоматии хизматӣ таъмин гардидаанд ва оғози сохтмони 2 бинои истиқоматии панҷошёна дар маркази ноҳияи Балҷувон аз тадбирҳои навбатӣ дар ин самт ба шумор меравад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520