Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани майдони Нишони давлатӣ дар ноҳияи Темурмалик

23.09.2021 11:45, ноҳияи Темурмалик
Ба истифода додани майдони Нишони давлатӣ дар ноҳияи Темурмалик   23.09.2021

23 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Темурмалик  Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Майдони Нишони давлатӣ дар ҳудуди шаҳраки Баҳманрӯд дар масоҳати 1292 метри мураббаъ ташкил гардида, баландии пояи Нишон 22 метрро ташкил медиҳад. Сутунпояи Нишони давлатӣ бо санъати баланди меъморӣ ва бо истифода аз сангҳои ороишӣ бунёд ёфта, корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд анҷом дода шудааст.

 Дар майдони мазкур барои сайру гашт ва тамошои сокинону меҳмонони ноҳия шароитҳои мусоид фароҳам гардидааст. Аз ҷумла, бунёди 4 фаввораи замонавӣ аз ду тарафи майдон ин маконро барои истироҳату фароғат муносибу мусоид ва зебо намудааст. 

Гирду атрфи иншооти навро гулу буттаҳои ороишӣ зебу зиннат медиҳанд. Дар маҷмӯъ 132 метри мураббаи майдони Нишони давлатӣ майсазор гардида, дар гирду атрофи он наздики 1000 адад гулҳои мавсимӣ бо шаклу ороишоти гуногун шинонида шудааст.

Ҳамчунин роҳрав ва ҳудуди иншоот дар масоҳати 1200 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шудааст. Чароғонии мавзеи мазкурро шомгоҳон 15 сутунпоя бо чароғҳо равшанӣ медиҳад.

Қобил ба тазаккур аст, ки сохтмони Майдони Нишони давлатӣ дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва арҷ гузоштан ба асолати миллӣ бунёд гардида, барои баргузории иду ҷашнҳо дар ин ҷо имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулин дастур доданд, ки гирду атрофи иншооти мазкур ҳамеша чунин ободу зебо ва сабзпӯш нигоҳ дошта шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520