Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои маркази адлия ва майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Дарвоз

27.09.2021 10:09, ноҳияи Дарвоз
Ифтитоҳи бинои маркази адлия ва майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Дарвоз  27.09.2021

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Анҷираки Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бинои наву замонавии Маркази адлия, майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдаконро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои Маркази адлия дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар масоҳати умумии 1 ҳазору 500 метри мураббаъ сохта шудааст. Иншоот аз ду ошёна бо таҳхона иборат мебошад ва дорои 7 ҳуҷраи корӣ барои фаъолияти кормандони Идораи нотариалии давлатӣ, кормандони Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, толори зебою муҷаҳҳази ақди никоҳи навхонадорон ва толори машваратии ройгони ҳуқуқӣ мебошад.

Толори ақди никоҳ, ҳуҷраи роҳбарият, равзанаи ягона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон дар ошёнаи якуми бино мавҷуд буда, китобхона, идораи нотариуси давлатӣ ва дигар ҳуҷраҳои корӣ дар ошёнаи дуюм ҷойгир шудаанд, ки дорои тамоми шароити замони муосир мебошанд.

Дар толори машваратии ҳуқуқӣ сокинони ноҳия имкон доранд аз ёрии ройгони ҳуқуқӣ баҳравар гарданд.

Барои кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ошёнаи якум шароити хуби корӣ муҳайё карда шудааст. Дар китобхонаи Маркази адлия асарҳои бадеӣ ва соҳавӣ барои пешбурди кори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва нотариуси давлатӣ муҳим, нигоҳ дошта мешавад.

Таҳхонаи бино ҳамчун бойгонӣ барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои нотариалӣ, китобҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим пешбинӣ гардидааст.

Дар вақти сохтмон 35 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори мувақатӣ таъмин шуданд.

Бино бо тарҳи муосир ва ҷавобгу ба меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шуда, ба атроф зебоӣ зам намудааст.

Майдончаи варзишӣ дар масоҳати 280 метри мураббаъ сохта шуда, дорои шароити хуби машғул гардидан ба бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол мебошад.

Майдонча дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Сарвари давлат бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Вазорати адлия бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.

Дар қисми дигари замини ҷудогардида майдончаи бозии кӯдакону наврасон бунёд ёфтааст, ки бо таҷҳизоти дилхушии кӯдакона муҷаҳҳаз мебошад.

Шароити фароҳамгардида дар иншооти мазкур масъулияти кормандонро дар самти ҳуҷҷатгузории нотариалӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон бештар мекунад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520