Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар гузашти низомӣ дар ноҳияи Дарвоз

27.09.2021 13:15, ноҳияи Дарвоз
Иштирок дар гузашти низомӣ дар ноҳияи Дарвоз   27.09.2021

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз дар гузашти низомии Қушунҳои сарҳадӣ, хизматчиёни ҳарбии дигар навъи қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сарбозони далери ватанро бо солгарди истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи пурифтихори давлатдории тоҷикон, таҳкими Артиши миллӣ ва гиромидошти арзишҳои миллӣ андешаронӣ карда, саҳми фарзандони далеру шуҷоъро дар таъмини сулҳу суботи сартосарӣ назаррас арзёбӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хизматчиёни ҷузъу томҳои Қушунҳои сарҳадӣ ва хизматчиёни ҳарбии дигар навъи қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқонаи халқу Ватан ва савганди ҳарбӣ ҳидоят намуданд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузашти низомӣ ва намоиши техникаҳои ҳарбӣ доир гардид.

Гузашти низомии хизматчиёни ҳарбӣ бо иштироки 2 ҳазор нафар сарбозону афсарон ва 50 техникаву дигар муҳимоти ҷангӣ дар вазъияти тантанавӣ баргузор шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520