Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои Раёсати молия дар ноҳияи Роштқалъа

28.09.2021 07:51, ноҳияи Роштқалъа
Ба истифода додани бинои Раёсати молия дар ноҳияи Роштқалъа  28.09.2021

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ноҳияи Роштқалъа бинои Раёсати молияро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар масоҳати умумии 720 метри мураббаъ доман густурда, масоҳати зери бино 610 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Аз ҷиҳати сохт ва тарҳи лоиҳавӣ бинои Раёсати молия бисёр зебо буда, аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст. Бинои нав аз шуъбаҳои корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ ва бойгонӣ иборат буда, барои кормандон шароити хуби кору фаъолият фароҳам гардидааст.

Иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ бунёд гардида, пудратчии сохтмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ваҳдат ЛТД" мебошад.

Гирду атрофи биноро гулу буттаҳо ва ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ зинат дода шудааст. Намои берунаи бино мувофиқ ба талаботи замони муосир оро дода шуда, қомат афрохтани он ба ҳусни маркази ноҳия зебогии дигар зам мекунад.

Аснои шиносоӣ бо шароити корӣ ва суҳбат бо молиячиёни ноҳияи Роштқалъа, Пешвои муаззами миллат дастур доданд, ки ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва саривақт пардохт кардани маоши кормандони буҷавӣ масъулияти зиёдтар ҳис кунанд ва дар баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар саҳми муносиби худро гузоранд.

Маврид ба ёдоварист, ки то имрӯз кормандони молияи ноҳияи Роштқалъа дар бинои кӯҳна кору фаъолият доштанд, ки шароити хуб надошт. Барои фароҳам овардани имкониятҳои муосир масъулини Раёсати молияи ноҳия ба Ҳукумати кишвар, махсусан ба Пешвои муаззами миллат изҳори сипосу минатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки тамоми донишу малакаи худро ба пешрафт ва рушди иқтисодиёти мамлакат равона мекунанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520