Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Медони ноҳияи Роштқалъа

28.09.2021 09:29, ноҳияи Роштқалъа
Ба истифода додани хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Медони ноҳияи Роштқалъа  28.09.2021

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти “Роштқалъа”-и ноҳияи Роштқалъа хати нави оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.

Дар ин маросим, ки бо иштироки аҳолии деҳоти мазкур дар фазои хушҳоливу хурсандӣ доир гардид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тоб додани мурвати шоҳқубури асосии таъминоти оби нӯшокӣ ба аҳолии шаҳраки Медони деҳоти “Роштқалъа” аз ободониву хуррамӣ ва шукуфоиҳои бештар мужда расониданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони хати оби нӯшокиро дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни фархундаву некпай - 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат ба сокинони шаҳраки Медон арзёбӣ карданд.

Корҳои бунёдӣ дар иншооти мазкур моҳи августи соли 2019 шурӯъ шуда буданд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 50 нафар мутахассисони маҳаллӣ аз ноҳияҳои Роштқалъа ва Шуғнон ҷалб шуда, бо маоши хуб таъмин гардиданд.

Лозим ба зикр аст, ки шаҳраки Медон 11 деҳаро дар бар мегирад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хати оби нӯшокӣ деҳаҳои Савир, Медон ва кӯчаи Ҷавонони шаҳрак, дар маҷмӯъ 171 хоҷагӣ пурра бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд. Қаблан аҳолии деҳаҳои мазкур аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд. Инак, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Истиқлоли давлатӣ ин мушкилии сокинон ҳалли худро пайдо кард.

Татбиқи лоиҳаи сохтмони хати оби нӯшокӣ ҳамчунин имкон фароҳам овард, ки дар маркази шаҳраки Медони ноҳияи Роштқалъа тамоми биноҳои маъмурӣ, мактабу беморхона ва дигар иншооти хизматрасонӣ бо оби ошомиданӣ таъмин гарданд.   

Лозим ба зикр аст, ки хати оби нӯшокӣ аз масофаи 11,5 километр ба маркази деҳоти Роштқалъа - шаҳраки Медон оварда шудааст. Лоиҳа бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи беш аз 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ татбиқ шудааст. Пудратчии лоиҳа Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бадахшон Интернешнл” мебошад.

Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол дар кишвар дастрасии аҳолии деҳот ба оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардида, мушкилоти ҷойдошта бартараф мегардад. Ин иқдомҳои созанда махсусан ба истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ авҷи тоза пайдо карда, муваффақона амалӣ шуданд. 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520