Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз бинои Маркази саломатии шаҳрии Хоруғ баъд аз таъмири асосӣ

29.09.2021 11:10, шаҳри Хоруғ
Боздид аз бинои Маркази саломатии шаҳрии Хоруғ баъд аз таъмири асосӣ   29.09.2021

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ ба Маркази саломатии шаҳрӣ ташриф оварда, бо фаъолияти он баъди таъмиру навсозии пурра шинос шуданд.

Маркази саломатии мазкур аз соли 1987 бунёд шуда, бо гузашти солҳо дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.

Маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи тандурустӣ, ин муассисаи муҳими иҷтимоӣ - хизматрасонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, пурра азнавсозӣ гардид.

Корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар Маркази саломатии шаҳри Хоруғ моҳи сентябри соли 2020 оғоз гардида, моҳи сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расид.

Иншоот дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосиру зебо навсозӣ ва бо таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст.

Маркази саломатӣ дорои 41 ҳуҷраи корӣ ва хизматрасонии тиббӣ буда, дар он 117 мутахассиси соҳаи тиб фаъолият менамояд. Ҳамчунин дар бинои навсозишуда 16 камераи назоратӣ насб карда шудааст ва фаъолияти бонизому бенуқсони кормандони марказ тавассути онҳо назорат мегардад.

Муассисаи соҳаи тандурустӣ дорои ду шуъбаи тибби оилавӣ, маркази иммунизатсия, бемориҳои кӯдакона, шуъбаи ташхис, машварати тиббӣ, педагогӣ-психологӣ, ҳуҷраи сабти барқи дил, рентгени рақамӣ, сабти ҳуҷҷатҳо, ҳуҷраи асаб ва сабти майнаи сар, ҳуҷраи бронхоскопия, ултрасадои доплерӣ, ҳуҷраи хатна, озмоишгоҳ, маҷлисгоҳ, ошхона ва гӯшаи гиёҳдармонӣ мебошад.

Иншооти тандурустӣ дар маркази шаҳри Хоруғ ба аҳолии шаҳр ва сокинони дигар ноҳияҳои вилоят хизмати саривақтии тиббию профилактикӣ мерасонад.

Мавриди таҷдиду навсозии куллӣ қарор гирифтани иншоот барои аҳолии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои гирду атрофи он имконият ва шароити мувофиқу муосири хизматрасонии тиббиро фароҳам овард ва барои 11 ҷойи кории нав ба ҳайати кормандони соҳа замина гузошт.

Азнавсозию пурра таъмир ва замонавӣ гардондани Маркази саломатии шаҳриро тамоми кормандони соҳаи тибби вилоят бо хушнудӣ истиқбол намуда, ин иқдомро натиҷаи таваҷҷуҳу дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тиб ва солимии ҷомеа арзёбӣ менамоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Маркази саломатии шаҳри Хоруғ суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро ба истифодаи босамари имконият ва шароити мувофиқи тиббӣ ва хизматрасонии босифату саривақтии тиббӣ ба аҳолӣ ҳидоят намуданд. 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520