Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Миёна хонум Анна Биерде

01.10.2021 20:12, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Миёна хонум Анна Биерде  01.10.2021

1 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Миёна хонум Анна Биердеро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ давоми 28 соли шарикӣ маблағгузорӣ шудани 110 лоиҳа дар иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат, ба маблағи умумии 2,2 миллиард доллари америкоӣ дар шакли грант, қарзҳои имтиёзнок ва фондҳои мақсаднок ба Тоҷикистон, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Зимни мулоқот бо Президенти кишвар хонум Анна Биерде инчунин аз имкониятҳои назарраси Тоҷикистон дар истеҳсол ва содироти энергияи тоза ва барқароршаванда ёдовар шуда, бори дигар ҷонибдории Бонки ҷаҳониро роҷеъ ба дастгирии саҳми Тоҷикистон дар рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим тасдиқ намуд.

Айни замон, Бонки ҷаҳонӣ 23 лоиҳаро бо маблағи умумии 1,2 миллиард доллари америкоӣ маблағгузорӣ мекунад.

Таъкид гардид, ки Бонки ҷаҳонӣ ҷонибдори дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад, зеро роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки зиндагии мардумро беҳтар намуда, талаботи аҳолии ҷавон ва афзоишёбандаи худро қонеъ созанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои вазъи Тоҷикистон дар давраи пандемияи КОВИД-19, таъсири он ба вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо шарикони рушд барои аз байн бурдани ин бемории сироятӣ ва бартараф намудани паёмадҳои онро, муҳокима карданд. Изҳори умед карда шуд, ки Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани нақшаҳои минбаъдаи Ҳукумати кишвар дар самти таъмини рушди устувор саҳмгузор боқӣ мемонад.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории минбаъдаро дар соҳаҳои ояндадори энергетика, дастгирии буҷети давлатӣ ва рушди дигар бахшҳои муҳими Тоҷикистон, баррасӣ карданд.

Дар мулоқот ҳамчунин таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла дастгирии Буҷети давлатӣ ва ҷалби бештари маблағҳои Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҷалб гардид.

Зимни баррасии вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба таъсири бевоситаи вазъи сиёсии Афғонистон ба амнияти иқтисодиву тиҷоратии минтақа табодули афкор сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520