Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 дар шаҳраки Фархори ноҳияи Фархор

02.10.2021 09:20, ноҳияи Фархор
Ба истифода додани бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 дар шаҳраки Фархори ноҳияи Фархор  02.10.2021

2 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Рӯдакии шаҳраки Фархори ноҳияи Фархор нахуст бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Садриддин Айниро, ки аз ҷониби соҳибкор Хуршед Нозимов бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Пудратчии сохтмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Кавсар Констрактшн" буда, лоиҳаи он аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Архиком"-и шаҳри Душанбе бо усули муосири меъморӣ таҳия шудааст. Таълимгоҳ дар масоҳати умумии 1,75 гектар доман густурда, аз 3 ошёна ва таҳхона иборат аст ва дорои 34 синфхона буда, барои 2000 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо дарназардошти татбиқи "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф", дар муассисаи навбунёд утоқҳои фаннӣ бо тамоми техникаю технологияи зарурии насли нав таъмин гардида, барои гузаронидани машғулиятҳои амалии хонандагон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон таълимгоҳ аз толори маҷлисгоҳ бо 260 ҷойи нишаст, ошхона барои 160 нафар ва китобхона иборат буда, ҷиҳати омода намудани хонандагон ба озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, "Фӯруғи субҳи доноӣ китоб аст", толори хониш бунёд гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро шоистаи таҳсин хонда, ба масъулин доир ба беҳтар намудани сатҳу сифати дониши хонандагон ва иштироки фаъолонаи муҳассилин дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию ҷаҳонӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Дар таълимгоҳ ҳамчунин бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва ҳамзамон дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, як толор ва ду майдончаи варзишӣ бунёд гардида, бо тамоми лавозимоти солимгардонӣ таъмин карда шудааст.

Намои берунаи бино бо тарҳ ва услуби баланди меъмории муосир сохта шуда, саҳн ва атрофи муассиса бо гулу буттаҳои сояафкану ороишӣ зебо гардонида шудааст. Ҳамзамон муассисаи таълимӣ бо хати алоҳидаи барқ таъмин гардидаст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520