Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббӣ дар ноҳияи Фархор

02.10.2021 09:25, ноҳияи Фархор
Ба истифода додани Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббӣ дар ноҳияи Фархор  02.10.2021

2 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор ҳамчунин бинои нави таълимии Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббиро мавриди истифода қарор доданд.

Коллеҷи тиббӣ бо дарназардошти талаботи ҷаҳони муосир бунёд шуда, барои 440 нафар дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Насим Додиев бунёд гардид. Корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Парандапарвари Фархор" анҷом дода, он дар масоҳати умумии 650 метри мураббаъ доман густурдааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки муассиса дар ноҳия ягона Коллеҷи хусусӣ аст, ки барои омода намудани мутахассисони соҳаи тиб равона гардидааст ва дар он аз рӯи 3 ихтисос - кори ҳамширагӣ, умумитиббӣ ва фармасевтӣ мутахассис омода менамоянд.

Қобили зикри хос аст, ки муассисаи навбунёд аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 12 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла утоқҳои химия, биология ва фанни морфологӣ буда, ҳамзамон озмоишгоҳ барои гузаронидани машғулиятҳои лабараторӣ фаъолият менамояд.

Пешвои муаззами миллат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми башардӯстонаи соҳибкорро шоистаи таҳсин хонданд. Ба фаъолият пардохтани муассисаи таълимии тиббиро дар ноҳия, Сарвари давлат ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти норасоии кадрҳои соҳаи тиббӣ мусоидаткунанда арзёбӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Соҳибкори ватандӯст аз дастгириҳои Президенти мамлакат изҳори миннатдорӣ намуда, уҳдадор шуд, ки ҳамчунин дар назди муассисаи таълимӣ барои 400 нафар донишҷӯ хобгоҳи замонавӣ ва толору майдончаҳои варзишӣ бунёд намояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520