Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани Парчами давлатӣ дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Фархор

02.10.2021 09:30, ноҳияи Фархор
Ба истифода додани Парчами давлатӣ дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Фархор  02.10.2021

2 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Фархор дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳия яке аз рамзҳои давлатдорӣ - Парчами давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Парчами давлатӣ дар масоҳати 20 садяк бо баландии 33 метр аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ЕврАзия” бунёд гардида, андозаи матои он 8 ба 14 метрро ташкил медиҳад. Атрофи иншоот бо гулу ниҳолҳои ҳамешасабзу орошӣ зебо гардонида шуда, ҳамчунин роҳрав ва сутунпояи он бо сангҳои ороишӣ зиннат дода шудааст.

Зимни боздид Президенти мамлакат аз сифати корҳои бунёдӣ ва ташаббуси соҳибкорон изҳори қаноатмандӣ карда, қомат афрохтани Парчами давлатиро дар маркази ноҳия барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон нек маънидод намуданд.

Қобили зикр аст, ки дар баробари бунёди Прачами давлатӣ, ҳамчунин бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ Боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳия, ки дар майдони 1 гектар доман паҳн кардааст, навсозӣ гардида, дар он барои истироҳати мардум шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Баъди қомат афрохтани Парчами давлатӣ, намои зоҳирии боғ низ куллан дигаргун гашта, ба макони асосии гаштугузори мардум табдил ёфтааст.

Барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ - фароғатӣ дар майдони назди Парчам имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Мардуми бофарҳангу шукргузори ноҳияи Фархор аз ин дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520