Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми телевизионӣ ба муносибати 18-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ

08.09.2009 21:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Имрӯзҳо мо дар арафаи таҷлили яке аз рӯйдодҳои бузургтарини таърихи миллати куҳанбунёдамон – ҳаждаҳсолагии эълони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем.

Ба ин муносибат тамоми мардуми шарифи кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва кулли тоҷикони ҷаҳонро, ки Тоҷикистонро хонаи умеди худ медонанд, самимона табрик мегӯям.

Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.

Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогири сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид.

Вале Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар ва сарҷамъиву ваҳдати мардум бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯбарӯ гардид.

Яъне агар барои аксари ҷумҳуриҳои собиқ давлати абарқудрати ягона истиқлолият нисбатан ба осонӣ муяссар гардида бошад, барои Тоҷикистони мо расидан ба ин неъмати бебаҳо ниҳоят гарон афтод.

Бархӯрди манфиатҳои доираҳои гуногуни дохиливу хориҷӣ, ки асосан аз беруни кишвар идора карда мешуданд, оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд.

Лекин ба шарофати хиради азалии миллати тоҷик ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа ба мо муяссар шуд, ки ҳамдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро барқарор намуда, хатари парокандагии миллат ва ҳамчун давлати мустақил аз байн рафтани Тоҷикистонро бартараф созем.

Дар натиҷа, бо гузашти муддати начандон тӯлонӣ дар Тоҷикистон фарҳанги сиёсии шакли нав ва низоми давлатдории ҷавобгӯ ба ормонҳои деринаи миллӣ ба вуҷуд оварда шуд, ки минбаъд барои рушди муназзам ва устувори кишвари мо тамоми шароити заруриро фароҳам овард.

Истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум буданд.

Албатта, барои пешбурди ин ҷараёни созанда ба мо лозим омад, ки аз фарҳангу маънавиёти ниёгони худ сабақ омӯзем, аз таҷрибаи ҷаҳони мутамаддин баҳра бардорем ва муҳимтар аз ҳама, мардумро ба роҳи хештаншиносиву худогоҳӣ ҳидоят ва сафарбар намоем.

Мусаллам аст, ки таърихи қадима, фарҳанги бою рангоранг, забон ва адабиёти пурғановати миллӣ, хештаншиносиву худогоҳӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва дигар муқаддасот асоси ҳастӣ ва бақои миллат буда, ҳар як миллати воҳид маҳз тавассути ҳамин арзишҳо ба тамаддун ва таърихи башарӣ ворид мешавад.

Ниёгони мо ҳанӯз зиёда аз 1100 сол пеш бо анъанаву суннатҳои давлатдорӣ ва арзишҳои волои миллии худ, ки дар меҳвари давлати мутамаркази Сомониён ташаккул ва густариш ёфтаанд, шӯҳрат пайдо карда буданд.

Миллати тоҷик дар тӯли таърихи деринааш худро маҳз ба шарофати афкору андеша, забон, илму фарҳанг, расму оин ва дигар арзишҳои ғоявӣ ба оламиён ҳамчун халқи фарҳангсозу башардӯст, сулҳпарвару озодихоҳ ва хайрхоҳу таҳаммулгаро муаррифӣ кардааст.

Фарҳангу маънавиёти гузаштаи мо, ки дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ нақши амиқе гузоштааст, бояд дар замони истиқлолият низ ба хотири рушди тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ояндаи боэътимоди кишвар ба ҷомеа нерӯи тоза бахшанд.

Зеро эҳёи тафаккури миллӣ, фарҳангу тамаддуни ниёгон воситаи муассири худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии нави миллӣ буда, халқу миллатро аз тариқи ваҳдату ягонагӣ ба пешрафтҳои азим хоҳад расонд.

Мо - наслҳои имрӯзаи тоҷикон, ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро ба дӯши хеш гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ нигоҳ дорем ва ба бунёдкориву созандагӣ раҳнамун созем.

Таҷрибаи сиёсии давлатдорӣ моро ба хулосае овард, ки дар ин раванд пеш аз ҳама, андешаи миллии тоҷикон ҳамчун ҷавҳари муттаҳидсозу ваҳдатофарин хизмат карда метавонад.

Чунки андешаи миллӣ маҳсули ақли солим, хиради азалӣ ва ҳикмати чандинҳазорсолаи миллатамон буда, тавассути он тоҷикон худро ҳамчун миллат ҳифз кардаанд, фарҳанги оламшумул офаридаанд ва дар асри XX боз ба соҳибистиқлолӣ расидаанд.

Андешаи миллӣ барои таҳкими ваҳдати комил ва рушди устувори давлатдорӣ нақши басо муассир мебозад. Сулолаҳо, шоҳону лашкаркашон меоянду мераванд, низомҳои сиёсиву иҷтимоӣ дигаргун мешаванд, аммо андешаи миллӣ ҳамчун ганҷи бебаҳо дар масири ин таҳаввулот торафт сайқал ёфта, боз ҳам пурмазмун ва пурҷилову тобнок мешавад.

Вақте ки доир ба нақши истиқлолият дар ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин роҳҳои устувор сохтани давлатдории миллӣ сухан мегӯем, бояд масъалаи ваҳдати миллӣ, зарурат ва аҳамияти ҳифзу таҳкими онро низ аз мадди назар дур насозем.

Аз ин рӯ, мову шуморо зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тахрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо, бахусус ҷавонон нуфуз пайдо кунанд.

Дар ин раванд бояд дар назар дошт, ки ваҳдати динӣ як рукни муҳиму ҷудоинопазири ваҳдати миллӣ мебошад.

Аз ин нуқтаи назар, метавон гуфт, ки бо эълон кардани Соли бузургдошти Имоми Аъзам имсол дар роҳи таҳкими ваҳдати ҷомеаи мо боз як қадами бисёр ҷиддӣ гузошта шуд.

Чунки мазҳаби таҳаммулпазири ин абармарди миллати мо пайравони худ ва инсониятро ба сулҳу дӯстӣ, ваҳдату сарҷамъӣ, ҳусни муомилаву муошират ва эҷоди низоми одилонаву оқилонаи муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву мазҳабӣ, аз ҷумла гуфтугӯи тамаддунҳо ҳидоят менамояд.

Бузургдошти шахсият ва таълимоти Имоми Аъзам ба мубоҳисаҳои тӯлонии назарӣ ва мафкуравие, ки солҳои охир дар ҷомеаи мо идома доштанд, посухҳои равшану зарурӣ медиҳад ва дар айни замон ба таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ мусоидат мекунад.

Сарҷамъии миллат ва рушди устувору муназзами иҷтимоӣ аз ҷумлаи шаҳсутунҳои кохи мӯҳташами истиқлол ва сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва давлати тоҷикон мебошанд. Бақои миллат ва иқтидори давлат аз бардошту тавоноии ҳамин сутунҳо вобаста аст ва маҳз дарки ҳамин нуктаи олӣ миллати бостонии моро аз пошхӯрӣ эмин дошт.

Пирӯзии сулҳу ваҳдат ва муҳаббату ихлоси самимии мардуми шарафманди Тоҷикистон ба муқаддасоти миллӣ ба мо барои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ роҳ кушод.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо имрӯз мисли бисёр кишварҳои сайёра таҳти таъсири таҳаввулоти бузурги иқтисодӣ ва дар айни замон бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ қарор дорад.

Ин омили фарогир моро водор месозад, ки боз ҳам бештар ба сиёсати иқтисодии ҷавобгӯи манфиатҳои миллӣ рӯ оварда, ҳадафҳои стратегии давлати худро дар робита ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории он зина ба зина амалӣ созем.

Мо маҳз ба хотири таҳкими истиқлоли миллӣ ва бунёди низоми пешрафтаи иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика, роҳсозиву коммуникатсия, рушди саноат, кишоварзӣ ва бахшҳои дигар нақшаҳои тарҳрезикардаи худро қадам ба қадам амалӣ карда истодаем.

Татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатамон имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба кишвари содиркунандаи нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ бехатар ва қаламрави транзитӣ табдил ёфта, тадриҷан дар сохтори муносибатҳои иқтисоди ҷаҳонӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намояд.

Имрӯз Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти сангини рӯз ба марҳалаи сифатан нави тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии худ ворид гардидааст, ки вазифаҳои асосии ин давраи рушд аз вусъатбахшии пайгиронаи ислоҳот, самаранокии натиҷаҳои татбиқи он, рушди устувори иқтисодӣ ва бо ҳамин роҳ тадриҷан паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардуми кишвар иборатанд.

Ин амр тақозои рӯз ва талаби замонаи нав мебошад, зеро дар ибтидои асри XXI, ки садсолаи ҷаҳонгароист, миллати тоҷик ба иқтисоду истеҳсолоти замонавии ҷавобгӯи манфиатҳои давлатдории миллӣ, татбиқи дастовардҳои тамаддуни башарӣ ва илму технологияи нав, ҳамчунин ба ташаббускорӣ ва заҳмати фарзандони бонангу номус ва насли дорои тафаккури созанда, донишу ҷаҳонбинии муосир, ихтисоси баланд, зираку соҳибмаърифат ва миллатдӯсту ватанпараст ниёз дорад, ки барои тараққиёту ободии ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол содиқона хизмат намоянд ва дар арсаи ҷаҳонӣ аз давлату миллати худ пуштибонӣ карда тавонанд.

Имрӯз илмҳои дақиқ, тафаккури техникӣ, технологияи муосир ва ҷаҳонбинии иттилоотӣ ба омили пешбарандаи иқтисодиёт ва ояндаи ҷомеа табдил ёфтааст.

Аз ин хотир, мову шумо ба ворисоне ниёз дорем, ки аз шебу фарози роҳи паймудаи ниёгон огоҳии комил дошта бошанд ва дар баробари ин, дорои тафаккури пешрафта ва қобилияти кору фаъолият дар замони нав бошанд.

Ҳамватанони азиз!

Таҳкими раванди худшиносӣ ва худогоҳӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон барои густариши тафаккури навини миллӣ замина фароҳам овард, ки ҷавҳари онро ҳифзи истиқлолу якпорчагии давлат ва сарҷамъиву ваҳдати тоҷикон дар пояи андешаи миллӣ ташкил медиҳад.

Ҷомеае, ки ба ҳадди худшиносиву худогоҳӣ расидааст ва ба равандҳои ҷаҳон аз мавқеи тафаккури навини миллӣ назар меафканад, бояд дар шинохти дигарон низ кӯшиш намояд, бо миллату давлатҳои гуногун робитаҳои густурда дошта бошад, бо ҷаҳони муосир ҳамсадову ҳамнаво гардад ва дар баробари ин, асолати миллии худро, алалхусус дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифз карда тавонад.

Маҳз ҳамин суннати азалии ҳамзистиву ҳамкории тоҷикона боис гардид, ки мо дарҳои Тоҷикистонро барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо тамоми кишварҳои олам ҳамеша кушода эълон намоем.

Дар доираи ин сиёсат равобити Тоҷикистон бо давлатҳои гуногуни Шарқу Ғарб вусъати бесобиқа ёфта, нуфуз ва мақоми кишвари мо дар ҷаҳони муосир мавриди эътирофи ҳамагон қарор гирифтааст.

Роҳе, ки мо пеш гирифтаем, фақат як ҳадаф дорад: расидани ҳар як инсон ба саодати зиндагӣ, бахту иқболи мардум ва рушди миллат дар асри XXI.
Вале бояд дар хотир дошта бошем, ки барои ба ин нияти нек ва рӯзгори пурсаодат расидан хеле заҳмат кашиданамон зарур аст.

Ободии Ватан ва осоиши мардуми он аз ҳар яки мо фаъолияти шабонарӯзӣ ва кори содиқонаву софдилона мехоҳад.
Хусусан, дар айёме, ки Тоҷикистон баробари бисёр кишварҳои дунё рӯзҳои вазнини бӯҳрониро аз сар гузаронида истодааст, ба ҳар фарди миллат, аз ҷумла ҷавонони бонангу номус, соҳибкорони боғайрату ҳимматбаланд, зиёиёни ватандӯсту хирадманд ва умуман аҳли ҷомеа лозим меояд, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо корҳои оғозкардаамон ва нақшаҳои пешгирифтаамонро зина ба зина пеш барем ва барои торафт беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардумамон заминаҳои мусоид фароҳам оварем.

Бахусус имсол, ки илова ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам ҳамчунин понздаҳумин солгарди қабули аввалин қонуни сарнавиштсози кишвар, яъне Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад, аз мову шумо заҳмату масъулияти дучанд мехоҳад.

Аз ин лиҳоз, орзу мекунем, ки ҳаждаҳ соли истиқлолият чун ҳаждаҳ зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумӯъ оварад.

Бигзор, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи поянда, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ раҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат гардад!

Бигзор, истиқлолияти давлати тоҷикон, ки атои худовандӣ ва пайки ҷовидонист, то абад устувору поянда бошад!

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш бори дигар ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва кулли тоҷикони ҷаҳонро ба ифтихори ҷашни бузурги миллиамон – Рӯзи истиқлолият табрик намуда, ба ҳар хонадони Тоҷикистони азиз файзу баракат ва саодати зиндагӣ орзумандам.

Ҷашнатон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520