Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои шуъбаи дар ноҳияи Фархор будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон

02.10.2021 10:50, ноҳияи Фархор
Ифтитоҳи бинои шуъбаи дар ноҳияи Фархор будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон  02.10.2021

2 октябр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи дар ноҳияи Фархор будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароиту имконияти кории он шинос шуданд.

Иншооти мазкур дар деҳоти Фархор ҷойгир буда, бо назардошти талаботи кории мақомот дар зарфи як сол бунёд гардид.

Барои кору фаъолияти кормандони шуъба утоқҳои барҳавою замонавӣ бунёд гардида, ҳамчунин дар дохили бино тамоми имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Бинои шуъбаи дар ноҳияи Фархор будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон бо санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, ифтитоҳи иншооти мазкур имконият медиҳад, ки кормандони ниҳоди мазкур мувофиқи талаботи оинномавӣ сатҳу сифати корро боз ҳам баландтар бардоранд ва дар пойдории амнияту осудагии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми бештар гузоранд.

Ҳудуди иншооти нав пурра сафолакпӯш гардида, саҳни он бо гулҳои ороишиву дарахтони мевадиҳанда зебу оро ёфтааст. Барои машқу тамрини кормандони шуъба имконияти зарурӣ фароҳам буда, бо истифода аз майдони назди бино ба футболу волейбол машғул гарданд.

Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони шуъбаро, вазифадор намуданд, ки бо донишу малакаи касбии худ ҳамеша дар сафи пеши мубориза ба қонуншиканиву ҷинояткорӣ бошанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520