Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои Беморхонаи минтақавии “Ориён” ва шуъбаи таваллуд дар ноҳияи Фархор

02.10.2021 11:05, ноҳияи Фархор
Ба истифода додани бинои Беморхонаи минтақавии “Ориён” ва шуъбаи таваллуд дар ноҳияи Фархор  02.10.2021

Дар деҳоти Фархори ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Беморхонаи минтақавии “Ориён” ва шуъбаи таваллудро мавриди истифода қарор доданд.

Бо бунёди иншооти мазкур аҳолии деҳоти Фархор соҳиби муассисаи замонавии тиббӣ гардиданд, ки дар он ташхису табобати бемориҳои гуногун роҳандозӣ гардидааст.

Беморхона дорои 20 кат буда, аз шуъбаҳои бемориҳои даруна, бемориҳои кӯдакона ва таваллудхона иборат мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо истифода аз лабараторияи замонавӣ ташхиси беморон дар ҳамин ҷо роҳандозӣ шуда, ҳамчунин муолиҷаи маризон бо ҷалби табибони соҳибмалака амалӣ карда мешавад.

Дар иншооти нав 16 ҳуҷраи табобатӣ ва кабинети корӣ ҷой дода шуда, ҳамчунин ҳуҷраҳои табобатӣ бо дастгоҳҳои насли нав таъмин гардидаанд. Аз ҷумла, беморхона дорои шуъбаи ташхиси ултрасадоӣ, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, кардиомонитор ва оксигенераторҳо буда, омода аст ба нафарони бемор саривақт ва бо сифати баланд хизмат расонад.

Дар шуъбаи таваллуди беморхона шароити мусоиду замонавӣ барои нигоҳдории модару кӯдак фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар ин ҷо 10 кати хоб бо имкониятҳои зарурӣ ташкил гардида, барои солим ба дунё омадани тифл мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардиданд.

Дар ҳолатҳои ғайричашмдошт низ шуъбаи мазкур бо истифода аз дастгоҳҳои нав метавонад саривақт ба модар ва ё кӯдак кӯмаки тиббӣ расонида, ба ҳамин васила аз фавти кӯдаку модар пешгирӣ намоянд.

Ҳамчунин ҳуҷраҳои алоҳидаи машваратӣ барои модарони ҷавон ва ташхиси кӯдакон дар ин шуъба ташкил карда шудааст.

Дар маҷмуъ дар Беморхонаи минтақавии “Ориён” ва шуъбаи таваллуд бештар аз 20 нафар аз сокинони маҳаллӣ, ки дорои маълумоти тахассусианд соҳиби ҷои кор гардида, бо маоши хуб таъмин мебошанд.

Саҳни иншоот низ мувофиқ ба талабот бунёд гардида, барои сайру гашти табобатгирандагон ва ташрифи аёдаткунандагон имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Беморхонаи нав бо дарназардошти талаботи муосири тиббӣ бунёд гардида, имконият медиҳад, ки сокинони деҳоти Фархор дар ҳамин ҷо ба ташхису табобат фаро гирифта шаванд ва ин иқдом мушкилоти иҷтимоии аҳолии минтақаи мазкурро дар самти дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ ба пуррагӣ ҳал намуд.  

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520