Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда Мирослав Енча

10.07.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда Мирослав Енчаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бартараф намудани монеаҳои сунъии мавҷуда дар роҳи транзити озоди молу маҳсулот, одамон ва хизматрасониҳо баррасӣ шуд.

Дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои баҳсталаб, аз ҷумла доир ба истифодаи босамари захираҳои обию энергетикии минтақа аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.

Мирослав Енча ба мавқеи созандаи Тоҷикистон баҳри рушди ҳамкориҳои минтақавӣ баҳои баланд дод.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520