Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои Дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб

05.10.2021 08:40, шаҳри Кӯлоб
Ба истифода додани бинои Дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб  05.10.2021

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бинои Дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо назардошти талаботи кории мақомоти мазкур бунёд гардида, аз се ошёна иборат мебошад. Бино дорои ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, нуқтаҳои алоҳидаи алоқа, анборҳои нигоҳдории маводу лавозимоти махсус мебошад.

Дохили бинои Дастаи таъиноти махсус бо сифати баланд бунёд гардида, дар ду ошёнаи он хобгоҳ барои гурӯҳҳои зудамал бунёд ёфтааст. Хобгоҳ бо катҳои хоби бароҳат, мизу курсӣ ва ҷевон муҷаҳҳаз буда, барои истироҳати кормандон имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ҳамчунин дар ҳудуди иншоот толори варзишӣ ҷойгир мебошад, ки бо тамоми асбобҳои зарурӣ муҷаҳҳаз буда, барои кормандон шароити хуби обу тоби бадан муҳайё карда шудааст.

Ҳамзамон бинои Дастаи таъиноти махсус дар шаҳри Кӯлоб бо ошхонаи замонавӣ таъмин мебошад.

Иншооти мазкур дар идомаи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳсозии шароити хизматии кормандони мақомоти қудратӣ бунёд ёфтааст.

Раванди бунёди бинову фароҳамсозии шароит дар саросари мамлакат бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром идома дошта, дар ин замина, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи минтақа бо шароити хуб таъмин мебошанд.

Сохтмони бинои Дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб дар зарфи як сол анҷом ёфта, гирду атрофи бино бо гулҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан оро дода шудааст.

Зимни боздид ва шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имконоту шароити фароҳамовардашуда баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуданд, ки ба обу тоби ҷисмонии ҳайати шахсӣ ва тамринҳои пайвастаи даста таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520